Главная / Ҷамъият / Мӯҳтавои шикоят ё эътирози кассатсионӣ

Мӯҳтавои шикоят ё эътирози кассатсионӣ

Моддаи 164-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мӯҳтавои шикоят ё эътирози кассатсионӣ

Шикоят ё эътирози  кассатсионӣ  инҳоро бояд  дар бар гирад:

– номи суде, ки ба қарори он шикоят ё эътироз оварда шудааст;

– маълумот дар хусуси шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст (насаб, ном ва номи падар ва вазъи мурофиавии ӯ), ҷои  истиқомат ва маҳали будубоши ӯ;

– қарор ё таъиноте, ки аз он шикоят ё ба он эътироз оварда шудааст, суд ё мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки ин қарорро баровардааст;

– ваҷҳҳои шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст, нодурустии  қарор ё таъинот дар чӣ ифода мегардад  ва хоҳиши ӯ аз чӣ иборат аст;

– номгӯи маводе, ки ба шикоят ё эътироз замима карда шудааст;

– имзои шахсе, ки шикоят ё эътироз овардааст.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …