Главная / Ҷамъият / Бекор кардани бақайдгирӣ

Бекор кардани бақайдгирӣ

Моддаи 163-и Кодекси Андоз. Бекор кардани бақайдгирӣ

  1. Андозсупоранда вазифадор аст ҷиҳати бекор кардани бақайдгирӣ бо мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда бо ариза муроҷиат намояд, агар ҳамзамон шартҳои зерин иҷро гарданд:

-аз рўи ҷамбасти 12 моҳи пурраи муттасили (пай дар пайи) тақвимӣ даромади умумии андозсупорандае, ки низоми умумии андозбандиро истифода менамояд, аз як миллион сомонӣ кам шуда бошад;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

-пас аз гузариши охирин ба низоми умумии андозбандӣ 36 моҳи тақвимӣ гузашта бошад.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)

  1. Бекор кардани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда аз рӯзи якуми давраи андозбандӣ, ки баъди давраи аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод намудани ариза барои бекор кардани бақайдгирӣ фаро мерасад, ҳамзамон бо гузаштан ба низоми махсуси андозбандӣ эътибор пайдо мекунад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Дар сурати барҳам дода шудани шахси ҳуқуқӣ (қатъ гардидани фаъолияти муассисаи доимии ғайрирезидент), ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мебошад, чунин шахс бояд аз рўзи аз феҳристи андозсупорандагон хориҷ шуданаш аз қайди андоз аз арзиши иловашуда (яъне бекор кардани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба ин шахс эътибор пайдо мекунад) бароварда шавад.
  3. Агар бақайдгирии шахс барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда бекор карда шавад, мақомоти андоз ўҳдадоранд номи (насаб, ном ва номи падари) шахс ва дигар маълумотро дар бораи вай аз феҳристи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда хориҷ намоянд, инчунин шаҳодатномаи додашударо дар бораи бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ аз ў гиранд.
  4. Бекор намудани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи Кодекси мазкурмувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …