Главная / Ҷамъият / Асосҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ

Асосҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ

Моддаи 16-и Кодекси Меҳнат. Асосҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ

  1. Муносибатҳои меҳнатӣ байни корманд ва корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд, агар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд.
  2. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, санадҳои корфармо, омилҳои зерин метавонанд барои бастани шартномаи меҳнатӣ асос гарданд:

– интихоб шудан ба вазифа (мансаб);

– интихоб шудан дар асоси озмун ба вазифа (мансаб);

– ба вазифа (мансаб) таъйин ё тасдиқ шудан;

– фиристодан ба кор аз ҷониби мақомоти ваколатдор аз ҳисоби квотаи муқарраршуда ё роҳхат;

– санади судӣ дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …