Главная / Ҷамъият / Қарор аз рӯи шикоят ва эътироз ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Қарор аз рӯи шикоят ва эътироз ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 157-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Қарор аз рӯи шикоят ва эътироз ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ судя, мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул  менамоянд:

– дар бораи бетағйир монондани қарор ва қонеъ нагардонидани шикоят ва эътироз;

– дар бораи тағйир додани қарор, ба шарте ки дар ин ҳолат ҷазои маъмурии муқарраргардида вазнин нашавад  ё бо дигар тарз ҳолати шахсе, ки нисбати ӯ қарор қабул гардидааст, вазнин нагардад;

– дар бораи бекор кардани қарор ва қатъ кардани пешбурди парванда ҳангоми мавҷуд будани яке аз ҳолатҳои пешбининамудаи  Кодекси мазкур, ки пешбурди парвандаро истисно менамоянд, инчунин ҳангоми исбот нашудани ҳолатҳое, ки дар асоси онҳо оид ба парванда қарор қабул гардида буд;

– дар бораи бекор кардани қарор ва баргардонидани парванда барои баррасии нав ба мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) ҳангоми ба таври ҷиддӣ риоя нагардидани талаботи меъёрҳои мурофиавии пешбининамудаи Кодекси мазкур, агар он ба баррасии ҳаматарафа, пурра ва воқеъбинонаи парванда мамониат карда бошад, инчунин бинобар зарурати татбиқи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки боиси таъин кардани ҷазои маъмурии нисбатан вазнинтар мегардад, агар ҷабрдида дар хусуси сабукии ҷазои маъмурии аз рӯи ин парванда таъингардида  шикоят карда ё прокурор эътироз оварда бошад;

– дар бораи бекор кардани қарор ва фиристодани парванда барои баррасӣ аз рӯи тобеият, агар ҳангоми баррасии шикоят ва эътироз муқаррар карда шавад, ки қарор аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) бесалоҳият қабул карда шудааст.

  1. Аз рӯи натиҷаи баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судя таъинот, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) қарор қабул карда мешаванд, ки бояд маълумоти пешбининамудаи моддаҳои 133 ва 180 Кодекси мазкурро дошта бошанд.
  2. Нусхаи таъинот ё қарори аз рӯи шикоят ва эътироз вобаста ба қарори парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабулгардида, ба шахсе, ки нисбати ӯ ин таъинот ё қарор бароварда шудааст, дар мӯҳлати се шабонарӯз, ба ҷабрдида бошад, бо хоҳиши ӯ фиристонида мешавад.
  3. Агар ҳангоми баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба қарори парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайян гардад, ки баррасии он таҳти салоҳияти ин судя ё мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) қарор надорад, дар хусуси аз рӯи тобеият фиристодани шикоят ва эътироз  таъинот ё қарор бароварда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …