Главная / Чамъият / Карор аз руи шикоят ва эътироз ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Карор аз руи шикоят ва эътироз ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Моддаи 157-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Карор аз руи шикоят ва эътироз ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури

  1. Аз руи натичаи баррасии шикоят ва эътироз ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури судя, макомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болои яке аз карорхои зеринро кабул  менамоянд:

– дар бораи бетагйир монондани карор ва конеъ нагардонидани шикоят ва эътироз;

– дар бораи тагйир додани карор, ба шарте ки дар ин холат чазои маъмурии мукарраргардида вазнин нашавад  ё бо дигар тарз холати шахсе, ки нисбати у карор кабул гардидааст, вазнин нагардад;

– дар бораи бекор кардани карор ва катъ кардани пешбурди парванда хангоми мавчуд будани яке аз холатхои пешбининамудаи  Кодекси мазкур, ки пешбурди парвандаро истисно менамоянд, инчунин хангоми исбот нашудани холатхое, ки дар асоси онхо оид ба парванда карор кабул гардида буд;

– дар бораи бекор кардани карор ва баргардонидани парванда барои баррасии нав ба макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) хангоми ба таври чидди риоя нагардидани талаботи меъёрхои мурофиавии пешбининамудаи Кодекси мазкур, агар он ба баррасии хаматарафа, пурра ва вокеъбинонаи парванда мамониат карда бошад, инчунин бинобар зарурати татбики конунгузори оид ба хукуквайронкунии маъмури, ки боиси таъин кардани чазои маъмурии нисбатан вазнинтар мегардад, агар чабрдида дар хусуси сабукии чазои маъмурии аз руи ин парванда таъингардида  шикоят карда ё прокурор эътироз оварда бошад;

– дар бораи бекор кардани карор ва фиристодани парванда барои барраси аз руи тобеият, агар хангоми баррасии шикоят ва эътироз мукаррар карда шавад, ки карор аз тарафи макоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) бесалохият кабул карда шудааст.

  1. Аз руи натичаи баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз чониби судя таъинот, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) карор кабул карда мешаванд, ки бояд маълумоти пешбининамудаи моддахои 133 ва 180 Кодекси мазкурро дошта бошанд.
  2. Нусхаи таъинот ё карори аз руи шикоят ва эътироз вобаста ба карори парвандаи  хукуквайронкунии маъмури кабулгардида, ба шахсе, ки нисбати у ин таъинот ё карор бароварда шудааст, дар мухлати се шабонаруз, ба чабрдида бошад, бо хохиши у фиристонида мешавад.
  3. Агар хангоми баррасии шикоят ва эътироз вобаста ба карори парвандаи хукуквайронкунии маъмури муайян гардад, ки баррасии он тахти салохияти ин судя ё макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) карор надорад, дар хусуси аз руи тобеият фиристодани шикоят ва эътироз  таъинот ё карор бароварда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …