Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васӣ ва парастори кӯдаки ноболиғ

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васӣ ва парастори кӯдаки ноболиғ

Моддаи 155-и Кодекси оила. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васӣ ва  парастори  кӯдаки  ноболиғ 

  1. Васӣ ва парастори кӯдаки ноболиғ ҳуқуқ доранд ва ӯҳдадор ҳастанд, ки шахси ба парасторӣ гирифтаашонро тарбия кунанд, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таҳсил ва касбомӯзии ӯ ғамхорӣ зоҳир намоянд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

Васиёну парасторон метавонанд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдакон ва тавсияи мақомоти васояту парасторӣ, инчунин ҳангоми риояи талаботи пешбининамудаи қисми якуми моддаи 65 ҳамин Кодекс тарбияи кӯдаконро, ки  таҳти васояти (парастори) онҳо қарор доранд, мустақилона муайян намоянд.

Васӣ ва парастор бо назардошти фикру хоҳиши кӯдаки таҳти васояташон қарордошта ҳуқуқ доранд  муассисаи таълимӣ ва шакли таълимро барои гирифтани таҳсилоти асосии умумӣ мустақилона интихоб намоянд.  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

  1. Васӣ ва парастор ҳуқуқ доранд ба воситаи суд аз ҳар гуна шахсоне, ки бе асоси қонунӣ кӯдакро дар назди худ нигоҳ медоранд, аз ҷумла аз хешовандони наздики кӯдак баргардонидани кӯдаки дар таҳти васояташон (парасториашон) бударо талаб намоянд.
  2. Васӣ ва парастор ҳуқуқ надоранд, ки барои муоширати кӯдаки таҳти васояташон (парасториашон) қарордошта бо падару модару хешовандони дигараш, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин муошират ба манфиати кӯдак нест, монеъ  шаванд.
  3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васӣ ва парасторро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  4. Ӯҳдадории васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаки таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта аз ҷониби васӣ (парастор) бемузд анҷом дода мешавад.
  5. Ба васӣ (парастор) барои таъминоти кӯдаки таҳти парасторӣ қарордошта ҳар моҳ тибқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ дода мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …