Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Пардохти изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва ид

Пардохти изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва ид

Моддаи 154-и Кодекси Меҳнат. Пардохти изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва ид

  1. Ҳар соати кории зиёда аз вақти муқаррарӣ чунин пардохт карда мешавад:

– ба кормандони музди меҳнаташон корбайъ – на камтар аз нархномаи дукаратаи корбайъ;

– ба кормандони музди меҳнаташон вақтбайъ, инчунин ба онҳое, ки маоши вазифавӣ (мансабӣ) мегиранд – на камтар аз меъёри (маоши) дукаратаи соатбайъ.

  1. Мувофиқи созиш бо корфармо ба корманде, ки зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардааст, рўзи дигари истироҳат додан мумкин аст.
  2. Барои дар рўзҳои иди ғайрикорӣ ва дар рўзҳои истироҳат кор кардан музди меҳнат мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур на камтар аз андозаи дукарата пардохт карда мешавад. Дар ин маврид ба кормандоне, ки дар доираи меъёри якмоҳаи вақти корӣ кор карда, моҳона мегиранд, музди меҳнат илова ба моҳона на камтар аз андозаи яккаратаи ставкаи соатбайъ ё рўзбайъ ва агар кор зиёда аз меъёри якмоҳа иҷро шуда бошад, музди меҳнат ба андозаи на кам аз ставкаи дукаратаи соатбайъ ё рўзбайъ илова ба моҳона пардохт карда мешавад.
  3. Барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ, дар рўзҳои иди ғайрикорӣ ва истироҳат мукофот аз рўи музди яккаратаи нархномаи вақти корбайъ ё аз рўи меъёри тарифии яккарата ҳисоб карда мешавад.
  4. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дигар андозаҳои пардохти кори зиёда аз вақти муқаррариро низ муқаррар кардан мумкин аст, вале на камтар аз андозаҳое, ки дар қисмҳои 1, 3 ва 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

moddai-245-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Баргардонидани иҷрои қарор

Моддаи  245-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Баргардонидани иҷрои қарор Ҳангоми бекор кардани қарори иҷрогардида ва баъди …