Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи кӯдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта

Ҳуқуқи кӯдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта

Моддаи 153-и Кодекси оила. Ҳуқуқи кӯдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта 

  1. Кӯдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта чунин ҳуқуқҳо доранд:

– ба тарбия дар оилаи васӣ (парастор), ғамхорӣ аз ҷониби васӣ (парастор), зиндагии дар як ҷо бо ӯ, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

– ба таъмини шароити зист, тарбия ва таълим, рушду такомули ҳамаҷониба ва эҳтироми шаъну эътибори инсонии онҳо;

– ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;

– ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ва дар сурати мавҷуд набудани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил хонаи истиқоматӣ гиранд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

– ба ҳимоя аз суиистифодаи васӣ (парастор) мутобиқи моддаи 57 ҳамин Кодекс.

  1. Кӯдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 56 ҳамин Кодекс мебошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …