Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Ҳуқуқи шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 148-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳуқуқи шикоят кардан ва эътироз овардан ба қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

 Аз ҷониби шахсони дар моддаҳои 26-30 ва 36 Кодекси мазкур пешбинишуда оид ба қарорҳои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо накардаанд, ба таври зерин шикоят кардан ё эътироз овардан мумкин аст:

– қарорҳои аз тарафи судя қабулгардида – ба суди болоӣ;

– қарорҳои аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) қабулгардида – ба мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ ё ба суди ноҳия (шаҳр);

  1. Агар шикоят оид ба қарорҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳам ба суд ва ҳам ба мақомоти ваколатдори давлатии (шахсони мансабдори) болоӣ оварда шуда бошад, онро суд баррасӣ менамояд.
  2. Шикоят аз хусуси қарор ё таъинот дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи боби мазкур пешниҳод карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …