Главная / Ҷамъият / Қарор ва таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Қарор ва таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 140-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Қарор ва таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Аз рӯи натиҷаи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мумкин аст, чунин қарорҳо қабул карда шаванд:

– дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ;

– дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.

  1. Қарор дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад:

– мавҷуд будани яке аз ҳолатҳои истиснокунандаи пешбурди парванда, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст;

– дар асоси талаботи Кодекси мазкур эълон кардани огоҳии шифоҳӣ;

– қатъ кардани пешбурди парванда ва супоридани маводи парванда ба прокурор, агар ин кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) дорои нишонаҳои таркиби ҷиноят бошад.

  1. Аз рӯи натиҷаи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чунин таъинот бароварда мешавад:

– дар бораи супоридани парванда ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъин кардани намуд ё андозаи дигари ҷазои маъмурӣ ё татбиқи дигар чораҳои таъсиррасонӣ ваколатдор мебошад;

– дар бораи супоридани парванда аз рӯи тобеият, агар муайян гардад, ки парвандаи мазкур ба салоҳияти ҳамин судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) тааллуқ надорад.

  1. Ба қарор ё таъинот оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ судя, шахси мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки таъинот ё қарорро қабул кардааст, имзо мегузоранд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …