Главная / Ҷамъият / Махзани маълумот, системаи иттилоотии захираҳои об истифодаи онҳо

Махзани маълумот, системаи иттилоотии захираҳои об истифодаи онҳо

Моддаи 137-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Махзани маълумот, системаи иттилоотии захираҳои об истифодаи онҳо

1.Бо мақсади  банақшагирии дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлати  истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи захираҳои об,  таъмини иттилооти мақомоти идораи истифодаи захираҳои об, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, дигар мақомоти манфиатдори давлатӣ махзани   маълумот ва системаи иттилооти аз ҷониби соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудани  захираҳои обро  таъсис медиҳад. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

2.Барои ташаккули махзани маълумот ташкилоту идораҳо, корхонаҳо ва истифодабарандагони об ба таври ройгон   ва бе маҳдудият  иттилооти техникию иқтисодии истифодаи об, ҳолати экологии муҳити зистро, ки ба истифодаи об вобастаанд ва дигар иттилооти ба беҳтар шудани идораи истифода ва ҳифзи захираҳои об мусоидаткунандаро пешниҳод менамоянд.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …