Главная / Ҷамъият / Қоидаҳои умумии мубориза бо обхезӣ

Қоидаҳои умумии мубориза бо обхезӣ

Моддаи 1321-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қоидаҳои умумии мубориза бо обхезӣ

  1. Мубориза бо обхезӣ аз рўи усули банақшагирии ягона анҷом дода мешавад ва ба маҷмўи тадбирҳо оид ба мониторинг (мушоҳида, арзёбӣ, пешгўӣ), огоҳонидан аз обхезӣ ва бартараф намудани оқибати онҳо асос меёбад.
  2. Сохтмони иншооти таъиноти мубориза бо обхезӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, инчунин маблағи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иншооти мазкур барои ҳимояи онҳо бунёд мегардад, маблағгузорӣ карда мешавад.
  3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд иҷрои ҳамаи чораҳои мубориза бо обхезиро таъмин намоянд. Назорати обхезӣ ва мониторинги ҷории онро дар марказҳои маъмурӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ менамояд.
  4. Корхонаҳои роҳи оҳан, алоқа, энергетика ва саноати истихроҷи маъдан дар минтақаҳои таҳдиди хавфи обхезӣ бояд аз ҳисоби маблағи худ фондҳои мубориза бо обхезӣ таъсис дода, корҳои иҷрогардидаро маблағгузорӣ намоянд. (КҶТ аз 3.12.09с, №572).
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …