Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ҳангоми бакортаъминкунӣ

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ҳангоми бакортаъминкунӣ

Моддаи 130-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ҳангоми бакортаъминкунӣ

  1. Корфармо ҳуқуқ дорад:

– интихоби кадрҳоро ба роҳ монад;

– аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ маълумоти дақиқ, пурра ва фаврӣ оид ба ҳолати бозори меҳнат ва имконияти тайёрии касбиро дастрас намояд.

  1. Корфармо уҳдадор аст оид ба масъалаҳои зерин ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ чунин маълумотро пешниҳод намояд:

– дар бораи аз кор озод намудани кормандон бо сабаби барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё қатъ шудани фаъолияти шахси воқеӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди корӣ, инчунин шумора ва гурўҳи кормандоне, ки ин ихтисоршавӣ метавонад ба фаъолияти онҳо дахолат кунад, бо нишон додани вазифа (мансаб), касб, ихтисос, дараҷа ва андозаи музди меҳнати кормандони аз кор озодшаванда ва муҳлате, ки дар давоми он кормандон озод карда мешаванд, вале на камтар аз ду моҳ пеш аз озодкунӣ;

– дар бораи тағйир ёфтани шароити меҳнат, гузариши кормандон ба низоми нопурраи вақти корӣ бо сабаби тағйир ёфтани истеҳсолот дар ташкилот, аз ҷумла дар вақти азнавташкилдиҳӣ ва (ё) кам шудани ҳаҷми кор, на камтар аз як моҳ пеш аз ба вуқўъ омадани чунин ҳолатҳо;

– дар бораи мавҷуд будани ҷойҳои кори холӣ (мансабҳои холӣ), дар муддати се рўзи корӣ аз рўзи ба вуҷуд омадани  онҳо;

– дар бораи қабул кардан ва қабул накардани шаҳрвандон ба кор (бо нишон додани сабабҳои он тавассути қайдҳои дахлдор дар роҳхат), дар муддати панҷ рўзи корӣ аз рўзи фиристодани онҳо тавассути мақомоти ваколатдор.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …