Главная / Чамъият / Хукук ва ухдадорихои корфармо хангоми бакортаъминкуни

Хукук ва ухдадорихои корфармо хангоми бакортаъминкуни

Моддаи 130-и Кодекси Мехнат. Хукук ва ухдадорихои корфармо хангоми бакортаъминкуни

  1. Корфармо хукук дорад:

– интихоби кадрхоро ба рох монад;

– аз макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли маълумоти дакик, пурра ва фаври оид ба холати бозори мехнат ва имконияти тайёрии касбиро дастрас намояд.

  1. Корфармо ухдадор аст оид ба масъалахои зерин ба макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли чунин маълумотро пешниход намояд:

– дар бораи аз кор озод намудани кормандон бо сабаби бархам додани шахси хукуки ё катъ шудани фаъолияти шахси вокеи, ихтисор шудани шумора ё вохиди кори, инчунин шумора ва гурухи кормандоне, ки ин ихтисоршави метавонад ба фаъолияти онхо дахолат кунад, бо нишон додани вазифа (мансаб), касб, ихтисос, дарача ва андозаи музди мехнати кормандони аз кор озодшаванда ва мухлате, ки дар давоми он кормандон озод карда мешаванд, вале на камтар аз ду мох пеш аз озодкуни;

– дар бораи тагйир ёфтани шароити мехнат, гузариши кормандон ба низоми нопурраи вакти кори бо сабаби тагйир ёфтани истехсолот дар ташкилот, аз чумла дар вакти азнавташкилдихи ва (ё) кам шудани хачми кор, на камтар аз як мох пеш аз ба вукуъ омадани чунин холатхо;

– дар бораи мавчуд будани чойхои кори холи (мансабхои холи), дар муддати се рузи кори аз рузи ба вучуд омадани  онхо;

– дар бораи кабул кардан ва кабул накардани шахрвандон ба кор (бо нишон додани сабабхои он тавассути кайдхои дахлдор дар роххат), дар муддати панч рузи кори аз рузи фиристодани онхо тавассути макомоти ваколатдор.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …