Главная / Ҷамъият / Пардохти алимент дар сурати барои сукунати доимӣ ба давлати дигар рафтани алиментдиҳанда

Пардохти алимент дар сурати барои сукунати доимӣ ба давлати дигар рафтани алиментдиҳанда

Моддаи 119-и Кодекси оила. Пардохти алимент дар сурати барои сукунати  доимӣ ба  давлати дигар  рафтани алиментдиҳанда 

  1. Шахсоне, ки барои сукунати доимӣ ба давлате мераванд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байналмилалии пешбиникунандаи эътирофи мутақобила ва иҷрои ҳалномаҳои судро дар хусуси ситонидани алимент ба имзо нарасонидааст, вазифадоранд бо аъзои оилаашон дар бораи пардохти алимент созишномаи хаттӣ ба имзо расонанд ва он бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ арда шавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
  2. Дар сурати ҳосил нашудани мувофиқа, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат карда, дар шакли маблағи устувор муайян намудани алимент ва пардохти яквақтаи алимент ё ба ҳисоби маблағи алимент додани молу мулки мушаххас ё бо тариқи дигар додани алиментро талаб намояд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …