Главная / Ҷамъият / Нораво будани ба ҳисоб гирифтан ва пас талаб карда руёнидани алимент

Нораво будани ба ҳисоб гирифтан ва пас талаб карда руёнидани алимент

Моддаи 117-и Кодекси оила. Нораво будани ба ҳисоб гирифтан ва  пас талаб карда  руёнидани  алимент

  1. Пардохтҳои алиментӣ аз ҳисоби талаботи дигари мутақобила сурат гирифта наметавонад.
  2. Пас талаб карда гирифтани маблағи пардохташудаи алимент, мумкин намебошад ба истиснои ҳолатҳои зерин:

– бекор кардани ҳалномаи суд ба сабаби мақсади индексатсияи пардохти алимент ё асноди қалбакиро пешниҳод кардани шахси алиментгиранда; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

– беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент дар сурати бо роҳи фиреб, таҳдид ё зӯроварии алиментгиранда ба имзо расонидани он;

– бо ҳукми суд ошкор гардидани далели сохтакории ҳалномаи, созишномаи пардохти алимент ё варақаи иҷро, ки дар асоси онҳо алимент пардохта шудааст.

  1. Агар кирдори дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида аз ҷониби намояндаи кӯдаки ноболиғ ё аъзои болиғи ғайри қобили амали алиментгиранда содир шуда бошад, алимент пас талаб карда гирифта намешавад ва маблағи пардохтшудаи алимент тибқи даъвои шахси барои пардохти алимент ӯҳдадоршуда аз намояндаи гунаҳгор ситонида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …