Рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок
Meg S
28.03.2018
Ҷамъият
73 Показы
Моддаи 117-и Кодекси Меҳнат. Рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок

- Ҳангоми зарурати муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор) ё кам шудани ҳаҷми кор ба муддати на зиёда аз як моҳ корфармо бо мақсади пешгирӣ намудани озодкунии кормандон аз рўи ихтисори шумора ё воҳиди корӣ ҳуқуқ дорад, бо розигии корманд (кормандон) ба ў (онҳо) рухсатии бе нигоҳдорӣ ё қисман бо нигоҳдории музди меҳнат диҳад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
- Дар ҳолати мазкур андозаи музди меҳнати пардохтшаванда бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда шуда, он аз андозаи музди меҳнати моҳонаи корманд кам буда наметавонад.
Кодекси Мехнат 2018-03-28