Главная / Ҷамъият / Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо

Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо

Моддаи 114-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия  ва нозироти савдо

  1. Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 377 қисми 2, 624-627, 628 қисми 1, 630-636, 638, 641, 643, 645 ва 646 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарнозири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати стандартҳо, воситаҳои ченак ва қоидаҳои савдо, муовинони ӯ, роҳбарони марказҳои вилоятию минтақавии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнозирони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятию минтақавӣ оид ба назорати стандартҳо, воситаҳои ченак ва қоидаҳои савдо, ҳуқуқ доранд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …