Главная / Ҷамъият / Меъёрҳои андоз аз даромад

Меъёрҳои андоз аз даромад

Моддаи 103-и Кодекси Андоз. Меъёрҳои андоз аз даромад

  1. Даромади андозбандишавандаи ҷойи кори асосии шахси воқеӣ аз рўи меъёрҳои зерин андозбандӣ мешавад, агар ҳамин модда талаботи дигареро муқаррар накарда бошад:

 

р/т Маблағи даромади андозбандишаванда

(дар як моҳ)

Маблағ ва меъёри андоз
1. На зиёда аз тарҳи шахсӣ Даромад андозбандӣ намешавад (аз андозбандӣ озод)
2. Зиёда аз миқдори тарҳи шахсӣ то 140 сомони 8 фоиз аз маблағи даромади андозбандишавандаи зиёда аз тарҳи шахсӣ
3. Зиёда аз 140 сомонӣ Маблағи андози сатри 2 ҷамъ 13 фоиз аз маблағи  даромади андозбандишавандаи зиёда аз 140 сомонӣ

 

  1. Даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ нагардидааст, бо меъёри 13 фоиз бе татбиқи тарҳҳои пешбининамудаи моддаи 102 Кодекси мазкур, ба истиснои тарҳи андози иҷтимоии пардохтшуда барои шахси суғурташуда, андозбандӣ карда мешавад.
  2. Даромад дар шакли музди меҳнати андозбандишавандаи шахси воқеӣ – ғайрирезидент бо меъёри 25 фоиз андозбандӣ карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …