Моддаи 100-и Кодекси оила. Бастани созишномаи пардохти алимент
Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, ва дар сурати ғайриқобили амал будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент – дар байни намояндагони қонунии онҳо, баста мешавад. Шахсони қобилияти амалашон маҳдуд созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони қонуниашон имзо мекунанд.