Принсипҳои системаи андоз (Моддаи 5-и Кодекси Андоз)
- Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ўҳдадоранд ҳамаи намуди андозҳоро, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст ва мутобиқи Кодекси мазкур нисбат ба онҳо андозсупоранда мебошанд, супоранд.
- Ба зиммаи шахс гузоштани ўҳдадорӣ оид ба пардохт намудани андозҳои дар Кодекси мазкур пешбининашуда манъ аст.
- Андозе, ки мутобиқи Кодекси мазкур ҳисоб карда шудааст, аз ўҳдадории пулӣ дар назди давлат иборат буда, бояд ба буҷети давлатӣ пардохт карда шавад.
- Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд танҳо андозҳои маҳаллии муқаррарнамудаи Кодекси мазкурро ҷорӣ намоянд.