Главная / Ҷамъият / Рақами мушаххаси андозсупоранда

Рақами мушаххаси андозсупоранда

Моддаи 26-и Кодекси Андоз. Рақами мушаххаси андозсупоранда

  1. Ҳангоми баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда, ба ҳар як андозсупоранда – шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ рақами мушаххаси андозсупоранда ба тариқи ройгон дода мешавад.
  2. Рақами мушаххаси ба андозсупоранда додашуда дар ҳеҷ ҳолат, ба истиснои ҳолатҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардида, тағйир дода намешавад ва наметавонад ба андозсупорандаи дигар (ҳама гуна шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ), ҳатто ҳангоми барҳамхўрии ҳамин андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ (воҳиди алоҳидаи он), катъ гардидани фаъолияти филиали (намояндагии) шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё вафоти андозсупоранда – шахси воқеӣ дода шавад.
  3. Рақами мушаххаси андозсупоранда метавонад дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати пурра аз нав баҳисобгирии тамоми андозсупорандагон ё гурўҳи муайяни онҳо ё ин ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар сурати роҳ додани иштибоҳ ҳангоми додани рақами мушаххаси андозсупоранда (нодуруст додани рақами мушаххаси андозсупоранда, додани ҳамон як рақами мушаххаси андозсупоранда ба андозсупорандагони гуногун ё додани зиёда аз як рақами мушаххаси андозсупоранда ба ҳамон як андозсупоранда) тағйир дода шавад.
  4. Мақомоти дахлдори андоз ба шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ шаҳодатномадар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда медиҳад. Дар ҳолати мавҷуд будани воҳидҳои алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ, дигар объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд мувофиқи тартиб ва шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба шахсони зикргардида, инчунин рамзҳои сабабҳои гирифтан баҳисоб гузоштан муқаррар карда мешаванд. Ин гуна рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан, инчунин ба муассисаи доимии ғайрирезиденте, ки фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе филиал (намояндагӣ) ё агентҳои ваколатдорнамудаи худ анҷом медиҳад, муқаррар карда мешаванд.
  5. Ба шахсоне, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз қайди давлатӣ гузаштаанд, шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ҳамзамон бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад.Ба шахсони воқеии ба синни 16-солагӣ расида, инчунин дигар шахсони ҳуқуқие, ки дар ҳаминқисмпешбинӣ нашудаанд, Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда дар асоси аризаҳо ба мақомоти дахлдори андоздар мўҳлатҳои муқарарнамудаи Кодекси мазкур дода мешавад.
  6. Мақомоти давлатӣ ва дигар шахсоне, ки ваколатдоранд бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (нисбат ва ба манфиати чунин шахсон) амалҳои (амалиёт, аҳдҳои) зеринро, аз ҷумла тавассути мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо анҷом медиҳанд, ўҳдадоранд аз ин шахсон талаб кунанд, ки ба онҳо дода шудани рақами мушаххаси андозсупорандаро тасдиқ намоянд:

-амалҳои нотариалӣ, аз ҷумла амалиёт бо молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, ки барои онҳо ситонидани боҷи давлатӣ пешбинӣ шудааст;

-додани иҷозатномаҳо, иҷозатҳо васертификатҳо барои ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин;

-ба кор қабул намудан дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо;

-барасмиятдарории амалиёти иқтисодии хориҷӣ;

-маблағгузаронӣ берун аз ҳудуд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-насия додани молҳо (бо пардохти арзиши онҳо аз рўи мўҳлатҳо), додани қарз аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, ба истиснои амалиёти воридот ва хароҷот аз рўи ҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ.

  1. Андозсупорандагонвазифадоранд рақами мушаххаси худро дар ҳисоботи андозӣ, мукотибот бо мақомоти андоз, гумрук ё молия, дар муносибатҳои мутақобила бо дигар мақоми ваколатдор, дар эъломияҳои гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, харҷномаҳо, чекҳои дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ, инчунин дар ҳуҷҷатҳои корӣ (қарордодҳо, шартномаҳо) зикр намоянд.
  2. Рақами мушаххаси андозсупоранда, ки ба шахси воқеӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, дар шиносномаи ин шахси воқеӣ бо роҳи задани мўҳр ва дар он сабт намудани рақами мушаххаси андозсупоранда нишон дода мешавад. Рақами мушаххаси андозсупорандабояд дар варақаҳо ва мўҳрҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ сабт гардад.

Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон, муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан, инчунин қоидаҳои тайёр намудани мўҳрҳо, гузоштани мўҳрҳо ва ба расмият даровардани сабти рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиноснома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …