Главная / Илм / МИҚЁС ВА НАМУДҲОИ OH

МИҚЁС ВА НАМУДҲОИ OH

Аз таърифи нақша фаҳмидем, ки миқёс (масштаб) шакли хурдкардаи қитъаи сатҳи Замин мебошад. Барои хурд карда ба нақша гирифтани қитьаи сатҳи Замин аз миқёс истифода мебарем. Дар маҳале, ки онро мо ба нақша мегирем, масофа бо метр ва километрҳо чен карда мешавад. Мувофиқи Миқёси интихобкардаамон онҳоро ба сантиметр ва миллиметрхо табдил дода, нақшаи маҳалро тартиб медиҳем.

Миқёс гуногун мешавад: ададӣ, хаттӣ ва номӣ.

Миқёсн ададӣ. Пеш аз он ки ба миқёси ададӣ шинос шавем, бояд донист, ки худи миқёс чист? Миқёс адади касрӣ буда, сурати он воҳид ва махраҷи он шумораест, ки дар нақша нисбат ба маҳал чанд маротиба хурд карда шудани масофаи аслиро ифода менамояд. Агар мухтасар карда гӯем, миқёс нисбати масофаи нуктаҳо дар нақша бар масофаи аслии онҳоро нишон медиҳад.

miqyos

Миқёс дар хама қисми нақша як хел мебошад. Он оа мо бузургии назар ба маҳал дар нақша хурд кардани масофаро аник нишон медиҳад. Барои мисол нақшаи дар Миқёси 1:1000 тартибдодаро (расми 6) тахлил менамоем. Дар он худуди маҳал (тамоми масофаи махал) нисбат ба аслаш 1000 маротиба хурд карда ба нақша гирифта шудааст. Дар поёни нақша бо таносуби 1:1000 навишта шудааст, ки онро миқёси ададй меноманд, чунки вай фақат бо адад ифода шудааст. Он дар нақша нисбат ба махал чанд маротиба хурд кардани масофаро ифода мекунад. Дараҷаи хурд кардани масофаро аз рақами махраҷи касри миқёси ададӣ фаҳмидан мумкин аст. Агар рақам дар махраҷи каср хар қадар калон бошад, масофа дар нақша мутаносибан ҳамон қадар хурд, агар хурд бошад, калон нишон дода мешавад.

  1. Миқёси хаттӣ. Дар нақша Миқёси хаттӣ бо хатҳои рост ифода карда мешавад. Онро ба қисматҳои баробар тақсим намуда, дар хар як ҳиссаи тақсимшуда масофаи аслй, яъне ба махал баробарро менависанд. Ба ҳамии сабаб ин мнқёсро мнкёси хаттӣ меноманд. Кашидан ва тартиб додани он душвор нест. Барои ин аввал дар охири қисми чапи нақша хатҳои рости мувозй кашида, ба миқдори 1 см ҷудо карда, аз тарафи рости он 0 мегузорем. Баъд аз он ин 1 см-ро ба 10 ҳиссаи баробар тақсим менамоем. Сипас аз 0 cap карда порчаи боқимондан хатҳои ростро ба қисмҳо (1 см) тақсим намуда, дар болои ҳар як қисм масофаи аслии ба маҳал мувофиқбударо менависем. Ин намуди миқёсро ҳангоми аз рӯи нақша иҷро кардани корҳои ченкунӣ васеъ истифода мебаранд. Тавассути он масофаи байни нуқтаҳо ва андозаи объектҳои дар нақшаи маҳал сабтгардида хеле аниқ чен карда мешавад. Аз рӯи миқёси хаттй ва бо ёрии паргор на танҳо дарозии хатҳои рост, балки дарозии хатҳои каҷро ҳам муайян кардан мумкин аст.
  2. Миқёси номй. Барои саҳехтар ва беҳтар кашидан ва чен кардани масофаи байнн нуқтаҳо ва андозаи предметҳо дар нақша аз Миқёси номӣ низ истифода мебаранд. Одатан онро бо калима ифода мекунанд. Дар нақшае, ки (расми 7) бо миқёси эдадии 1:1000 тартиб дода шудааст, 1 см дар нақша ба 1000 см дар маҳал рост меояд. Aгap онро бо Миқёси номӣ ифода намоем, дар он сурат вай чунин навишта мешавад: 1 сантиметр 10 метр. Инро бузургии миқёс меноманд. Бо он масофаи байни ду нуқтаи маҳал муайян карда, дар нақша кашида мешавад. Ҳамин тавр, Миқёсеро, ки бо калима ифода карда мешавад, миқёси номӣ меноманд. Масалан, дарозии боғи назди макгаб чн қадар аст? Агар дарозии бо ҷадвал ченкардаи боғи назди мактаб 7 см ва бузургии Миқёс 10 м бошад, барои ёфтани дарозии он 7 см-ро ба 10 м зарб мезанем: 7 • 10 м = 70 м. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки дарозии боги мактаб 70 м будааст.

Одатан дар нақшахо маҳалро дар миқёси на хурдтар аз 1:10000 инъикос мекунанд. Дар поёни нақша ҳар се намуди миқёс: ададй, хаттӣ. номй навишта мешаванд.

Савол ва супориш

Миқёс чист? Он барои чй лозим аст? 2. Кадом намудҳои миқёсро медонед ва онҳо аз якдигар чй фарқ доранд? 3. Масофаи 55 метрро бо Миқёси 1 см – 10 метр бо тарзи хати росг ифода кунед. 4. Аз нақшаи атлас (саҳ. 5) дарозии роҳи оҳанро муайян кунед. Барои чен кардани он аз порча истифода баред. 5. Дар Миқёси ададӣ чанд маротиба хурд кардани масофаро аз чй фаҳмидан мумкин аст?

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

tarix-5

ТАЪРИХИ ДУНЁИ ҚАДИМ китоби дарсй барон синфи 5

Шумо дер боз интизори омӯхтани фанни таърих будед. Инак, он рӯз ҳам фаро расид. Ин …