Главная / Гуногун / Мазаев Александр Василевич

Мазаев Александр Василевич

МАЗАЕВ Александр Васильевич (1904, деҳаи Яригино, ноҳияи Загорск, ҳозира вилояти Москва — 14. 12. 1962, Душанбе), ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи коргар.

alexander_vasilevich_mazaevАъзои КПСС аз соли 1925. Солҳои 1925—27 дар Мактаби олии коммунистии ба номи Я. М. Свердлов ғоибона таҳсил кард. Фаъолияти меҳнатиаш аз соли 1915 оғоз ёфтааст.

То соли 1925 устои заводи шири Москва. Сои 1925 ба кори комсомолии ноҳияи Константиновеи пешбарӣ карда шуд, баъд намояндаи комитетҳои уездию губерниягии комсомолӣ дар Загорск ва Рязань шуд. Аз соли 1930 котиби комиҷроия, мудири шӯъбаи Комитет партиявии ноҳияи Пронск. Соли 1935 ба Тоҷикистон омад ва котиби дуюми Комитети партиявии ноҳияи Ҳисор интихоб шуд.

Соли 1937 котиби якуми Комитети партиявии ноҳияи Шаҳритуз. Солҳои 1938—46 ҷонишнни якуми Раиси СКХ, 1946—60 ҷонншини якуми Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, I960—62 ҷонишини якуми Раиси Госплани республика. Солҳои 1948—54, 1958—59 аъзои Бюрои КМ ПК Тоҷикистон. дар съездҳои 5,6—11 ва 14-1 уми ПК Тоҷикистон аъзои КМ ПК Тоҷикистон интихоб гардид.

Депутати Совети Олии СССР (даъвати 4) ва депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 1—5). Бо 3 ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Ҷанги ватанӣ (дараҷаи 1) ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи буд. Алҳол ин куча ба номи Ғафор Валоматзода гузошта шудааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …