МАСХИ ДИЛ, таъсири механикие, ки ба дил баъди аз кор мондани он (бо максади баркарор кардани фаъолият ва таъмини гардиши бефосилаи хун) мерасонанд. Дилро дар хама холатхои аз кор монданаш масх мекунанд. Дил бо сабабхои гуногун аз кор мемонад, мас., ташаннучи рагхои иклили, бекуввати, сакта, сахт лат хурдан, аз осеби барк ё чараёни электр ва г. Аломатхои ногахон аз кор мондани дил чунинанд: бехуши, нест шудани набз дар шараёни хоб, катъ шудани нафаскаши, паридани ранги руй, васеъ гаштани мардумаки чашм.
Ду намуди асосии М. д. мавчуданд: беруни (баста) ва даруни (кушода). Масхи берунии дил ба он асос ёфтааст, ки хангоми аз пеш ба акиб пахш кардани кафаси сина дил чунон фишурда мешавад, ки хун аз чавфи он ба рагхо меравад. Баъди гирифтани дастон дил хамвор гашта, дар чавфи он хуни вариди чаббида мешавад.
Масхи берунии дилро бояд хар кас ичро карда тавонад. Дар сурати аз кор мондани дил масхро харчи зудтар сар кардан лозим аст. Барои гузарондани М. д. бемор ё осебдидаро ба чои сахти хамвор (руи замин, фарш, тахта) мехобонанд; дар чои мулоим (мас., бистар) гузарондани М. д. чоиз нест. Шахси ёрирасон аз тарафи чап ё рости осебдида истода, кафи дасташро ба чаног (сарсина) – и у чунин мегузорад, ки асоси кафи даст дар канори поёни чаног чойгир шавад. Ба болои ин кафи даст кафи дасти дигарро гузошта, кафаси синаро зуд-зуд аз боло ба акиб пахш мекунанд (дар хар як сон. як маротиба). Баъди хар бор пахш кардан, дастро аз кафаси сина гирифтан лозим аст, то ки дил ба холати аввала баргашта бо хун пур шавад. Барои ба дил чори шудани хуни вариди пои осебдидаро боло мекунанд.
Барои кудакони то 10 – 12 – сола масхи беруниро бо як даст ва барои навзодон бо ду ангушт мегузаронанд. Масхи берунии дилро албатта бо нафасдихии сунъи бо усули дахон ба дахон ё дахон ба бини бояд якчоя гузаронд. Дар ин хол баъди хар як нафаси сунъи панч бор пахш кардани дил лозим аст, яъне дар як дак. дил бояд 60 маротиба пахш карда шуда, 12 маротиба нафаси сунъи гирад.
Масхи беруни дил тадбири осон ва бисёр босамар буда, имкон медихад, ки бисёр беморон ва осебдидагон аз марг начот дода шаванд. Ин масх ба тарики ёрии аввалин гузаронда мешавад. Муваффакияти масхи берунии дилро аз руи ба холати мукаррари баргаштани мардумаки чашм, пайдоиши набз ва нафаскаши муайян мекунанд. М. д. бояд то омадани духтур ё зухурёбии аломатхои марг гузаронда шавад.
Хангоми масхи дарунии дил чаррох дастро ба кафаси сина дароварда, дилро хар сари чанд вакт тазйик медихад. Чунин намуди М. д.-ро духтур дар сурати аз кор мондани дил зимни чаррохии узвхои кафаси сина мегузаронад.
Х. Вохидов.