Главная / Без рубрики / МАФҲУМИ ХАРИТАҲОИ ГЕОГРАФЙ ДАР ИСТИФОДАИ ҲАРРӮЗА

МАФҲУМИ ХАРИТАҲОИ ГЕОГРАФЙ ДАР ИСТИФОДАИ ҲАРРӮЗА

Аҳамияти харитаҳои географӣ

Яке аз асоситарин қисматҳои маърифати ҷуғрофия харитаҳои ҷуғрофӣ ба шумор мераванд. Бо ёрии онҳо дар муҳит мавқеъи худро муаян карда, мешавад равандҳо ва ҳаводиси табии, қонунияти ҷойгиршавии объектҳои ҷуғрофиёиро омӯхт ва дар бораи муҳити атроф маълумотҳои шавқовварро ба даст овард. Бо такя ба манбаъҳои таърихӣ метавон гуфт, ки одамон аз харитаҳо ҳатто пеш аз пайдоиши хат истифода мекарданд.

Харитаҳои географй дар ҷараёни рушди ҷомеъа дар иқтисодиёт, нақлиёти ҳарбй, баҳрй ва ҳавой, умуман дар тамоми соҳаҳои ҳаёти моддии инсон мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Дар иқтисодиёт харитаҳои географй ҳангоми рущд, ҷойгиршавӣ ва пешгӯии нерӯҳои истеҳсолй абзори асосӣ ба шумор мераванд. Дар соҳаҳои ҳарбй, нақлиёти баҳрй, корҳои картографй ва геодезӣ, сохтмони иншоотҳои географй, киштигардии баҳрӣ ва дарёй низ нақш ва аҳамияти харитаҳои географй бисёр бузург аст.

Ҳатто дар зиндагии шахсии инсонҳо харитаҳои географй ва топографй, ҳангоми саёҳатҳо барои ошной бо ҷойҳои тамошобоби таърихй ва географй, шаҳрҳо ва табиати ин ё он минтақа нақши бисёр муҳим доранд.

Бинобар ин, барои муаян кардани мавқеъи худ дар муҳит, дарки рущд ва ҷойгиршҳавии объектҳои географй, ҳар инсон бояд харитаро донад, онро хонда ва бо он кор карда тавонад.

Дарки харита – яъне омӯхтани хусусиёти асосии харита: аломатҳо, навъҳо, тафовут дар муҳтаво.

Хондани харита – яъне тавонад ҳақиқати географиро (ҷуғрофиёиро) аз рӯи тасвири харита, бо такя ба аломатҳои дар харита ҷой дошта ташхис диҳад ва тас- вири воқеъии географиро дар зеҳнаш тасаввур намояд

Донистани харита – яъне аз дар зеҳн нуқтаҳои географиро ба тасвир бикашад, ҷойгиршавии обектҳои географй, андозаи онҳо, сарҳадот, шаклро возеҳ тасаввур кунад ва тавони нусхабардории онҳоро доро башад. Барои истифодаи харитаҳо дар фаъолияти амалӣ, ба ҳар як инсон зарур аст талаботи дар боло зикр шударо аз худ намояд.

  1. Аз рӯи харитаи нимкурраҳо ва аз рӯи глобус: хатти экватор, меридиани, қутби шимолӣ ва ҷанубиро нишон диҳед.
  2. Координатҳои чуғрофии ин шаҳрҳоро муайян кунед: Норин, Токио, Ню-Йорк, Сеул, Пекин, Париж.

Супоришҳои тестй оид ба боби «Сарчашмаҳои маълумотҳои географй ва усулҳои кор бо онҳо»

  1. Аксгирии маршрутам маҳал ин – …

а)   аэрофотонавор
б)   ченкунии масофаи байни ду нуқта
в)   сохтани нақшаи маҳал
г)    навори кайҳонй

  1. Кадом аз параллелҳои дар зер оварда аз ҳама дароз мебошад?

а)   80° т.шим.
б)   70° т.ҷан.
в)   10° т.ҷан.
г)    60° т.ҷан.

  1. Кй дар асри XV аввалин шуда глобусро ихтироъ кардааст?

а)   Птолемей
б)   X. Колумб
в)   Васко да Гама
г)    Бехайм

  1. Нуқтаи арз ва тӯли сатҳи замин чй номида мешавад?

а)   самтҳо
б)   координатҳои чу ғрофй
в)   азимут
г)    шабакаи чуғрофй

  1. Жарфно (чукурй)-ро дар хариати физикй бо кадом ранг чудо мешавад?

а)   сабз
б)   кабуд
в)   зард
г)    қаҳваранг

  1. Агар миқёси рақамй бошад 1 : 250000, ин чй маъно дорад?

а)   дар 1 см 25 км
б)   дар 1 см 250 м
в)   дар 1 см 250 км
г)    дар 1 см 2,5 км

  1. Агар масофаи байни ду нуқтаи меридиана 5 градусро ташкил диҳад, пас он чанд километр хоҳад буд?

а)   585 км
б)   655 км
в)    555 км
г)    500 км

  1. Дарозии 1 градуси меридиана чанд аст?

а)   101 км
б)   110 км
в)   111 км
г)    115 км

  1. Агар масоҳати номбаршудаи 1 см – 100 км бошад, пас масоҳати рақамии он:

а)   1:100
б)   1:10 000 000
в)    1:100 000
г)    1:1000

  1. Агар дарозии роҳ 5 км бошад, масоҳати накща чанд хоҳад буд (агар даро­зии роҳ дар нақша 10 см-ро ташкил диҳад)

а)   дар 1 см – 5000 м
б)   дар 1 см – 50 км
в)    дар 1 см – 500 м
г)    дар 1 см – 5 км

  1. Дар кадом масоҳат 30 км ба 3 см баробар мешавад?

а)   1:30 000 000
б)   1:300 000

в)    1:3 000 000

г)    1:3000

  1. Кадом масоҳат аз ҳама хурд мебошад?

а)   1:85 000

б)   1:850 000

в)    1:8500

г)    1:8 500 000

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Хонаи Абдусалом Деҳотӣ . Кӯчаи Мирзо Турсунзода, 157

Хонаи Абдусалом Деҳотӣ

Абдусалом Деҳотӣ (14 марти 1911, д. Боғимайдони н. Самарқанд — 31 январ, 1962, ш. Душанбе) …