Главная / Варзиш / Комплекси гимнастикаи пагоҳирӯзӣ

Комплекси гимнастикаи пагоҳирӯзӣ

Комплекси 1.

(бе ашё)

01 02

Комплекси 2. (бо чӯб)

03

Комплекси 3. (бо тӯб)

04

Маҷмӯи машқҳо дар мактаб ва хона
Комплекси 1 (машкхои тақлидӣ)

1.     Дар ҷойи ист қадам задан.

2.      «ҲАМЁЗАКАШИ». Пойҳоро ба самти китфҳо гузошта, дастҳо дар поён дар назди бадан, ангуштон дар шакли бофташуда. Бо ҳисоби 1 дастҳоро аз тахтапушт гузаронда, қоматро рост нигоҳ доред; Бо хисо- би 2 ба холати аввала баргардед.

3.      «ВИНТЧАҲО». Пойҳо кушода, дастхо дар тахтапушт. Бо хисоби 1 баданро ба тарафи чап тоб дода,бо ҳисоби 2 ҳамчунон ба тарафи рост, беист такрор кунед.

4.    «ЛУХТАК» Бо хисоби 1-4 ба тарафи чап пойҳоро қат накарда чор қадам гузошта, бо ҳисоби 5-8 ба ҳолати аввала баргардед.

5.     «ШАМОЛ АРЧАРО МЕЛАРЗОНАД». Дастҳо дар кушодии китфхо, дастхо дар ду тараф. Бо хисоби 1 ба тарафи чап, 2 ба тарафи рост, беистхам шудан лозим аст.

6.     «ПАРРАНДАҲОИ КАЛОН МЕПАРАНД». Шинед. Бо ҳисоби 1 қоматро рост карда, дастҳоро ба ду тараф ёзонда, сипас ба боло бардоред.Бо ҳисоби 2 дастҳоро ба поён фуроварда, беист ин харакат- хоро такрор кунед.

7.      Дар ҷойи ист қадам занед.

Комплекси 2 (бо чӯби гимнастикӣ)

1.    Дар ҷойи ист қадам занед.

2.     Чӯб дар поён. Бо хисоби 1 чӯбро ба боло бардоред; 2 ба поён фуроред;3 баболо;4 бапоён.

3.     Чӯб дар боло. Бо ҳисоби 1-2 баданро ба тарафи рост тоб диҳед; 3-4 батарафичап.

4.     Чӯб дар паси гардан. Бо ҳисоби 1 ба пеш, 2 ба қафо хам шудан лозим аст.

5.      Чӯбдарпеш. Бохисоби 1шинед, 2 хезед.

6.      Рох гаштан бо чӯб. Чӯб дар дасти рост, охири чӯб дар боло.

Комплекси 3 (Машқхо бо тӯб)

1.     Тӯб дар даст, пойҳо дар кушодии китфҳо. Бо ҳисоби 1 тӯбро ба боло бардоред, 2 бапоён.

2.     Тӯбро бо дастҳои рости ба боло бардошташуда ба тарафхои рост ва чап тоб диҳед.

3.      Тӯбдардастҳо, дарпоён. Бохисоби 1 ботӯбшинед,2 хезед.

4.     Тӯбро бо ҳисоби 1 – 4 бо дасти рост ва 1 – 4 бо дасти чап ба замин занед.

5.     Рох гаштан бо тӯб. Бо хисоби 1-4 бо дасти рост ва 1-4 бо дасти чап ба замин задан.

6.      Тӯбро ба боло партофта, доштани он.

Комплекси 4 (барои мушакхои тахтапушт)

1.     Баданро ба тарафи рост, чап, ба пеш, ба қафо тоб додан.

2.      Ба назди девор омада хам шудан.

3.      Ба замин хобида холати «кӯпрукро» гирифтан.

4.    Ба замин, ба болои пойҳо хобида, бо даст зонуҳоро доштан. Ба боло, ба поён коматро ҳаракат доронда, дар ин вақт ба ҳам ҷафс карда кушодан.

5.    Ба тарафхои рост ва чап гелидан. Ба мисли машқи 4 хобида, баданро рост нигох доред. Сипас ба рост ва чап тоб диҳед.

Комплекси 5

1.     Дар ҷои ист қадам задан.

2.    Машқ барои қаду қомат бо нӯги пой, пошнаи пой, бо тарафи дарунӣ ва берунии пой роҳгаштан.

3.   Ба тарзи давра тоб додани бадан. Пойҳо дар кушодии китф, дастҳодармиён.

4.    Хамкунии бадан ба пеш ва ба қафо. Пойҳо дар кушодии китф, дастҳо дар паси cap.

5.      Pox гаштан бо зонуҳо (дар рӯи гилем), дастхо дар паси cap.

6.      Аз ҳолати нишаста ба пеш ва ба қафо ҳаракат кардан.

Комплекси 6 (барои мушакхои шикам)

1.     Дар ҷои ист қадам гузоштан.

2.    Озод истода, дастҳоро дар миёндоштан. Нафаскашӣ, нафасба- рорӣ.

3.    Ба болои гилем бихобед, дастҳо дар миён. Пойҳоро ба боло бардошта, ба поён фуровардан.

4.    Ба болои гилем хобидан, дастхо рост, ҳаракатҳо ба пеш ва ба қафо.

5.     Ба болои тӯб бо шикам хобида, пойҳоро рост, дастқоро озод доштан. Дар болои тӯб ба чап, рост, ба пеш, ростҳаракат кардан.

6.      Рох гаштан бо нафаскашии дуруст.

Вазнинй: иҷрои ҳар як машқ 6-8 маротиба. Давидан ва ҷаҳидан дар як ҷой дардавоми 15-20 дақиқа иҷро мешавад.

Arap шумо худатон комплекс тартиб додан хохед, машқҳо бояд бо чунин тарз бошанд:

(хамёзакашӣ) кашидани бадан;

дар ҷои ист қадам задан;

хам кардан ва тоб додани бадан ба ду тараф, ба пеш ва қафо; нишастан: партофтани бадан, такон додани пойҳо;

қат ва рост кардани бадан дар холати хобида;

ҷахидан,давидан;

рохгаштан бо машқҳои нафаскашӣ.

Комплекси ба худатон маъқулро интихоб намоед. Пас аз як чанд вақт онро ба дигараш иваз мекунед.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …