Главная / Варзиш / Комплексҳои намунавии лаҳзаи тарбияи чисмонӣ

Комплексҳои намунавии лаҳзаи тарбияи чисмонӣ

Комплекси I (дар паси миз нишаста)

  1. Ҳолати аввала. Дастҳо дар рӯи миз, рост гузошта шудаанд дастхоро ба боло бардошта, баданро кашида, ба ҳолати аввала бар гаштан.
  2. Ҳолати аввала. Дастҳо дар гӯшаи миз мушт карда шудаанд Дастҳоро рост карда, ангуштонро кушода, ба гӯшаи муқобили ми расонда, ба холати аввала баргаштан.
  3. Ҳолати аввала. Дастхо паси cap. Бозувонро ба ду тараф кушо да, ба қафо хам шуда, ба ҳолати аввала баргаштан.

01

Комплекси 2 (дар паси миз нишаста)

  1. Ҳолати аввала. Дастҳо дар гӯшаи миз, хсста нишастан.
  2. Банди дастҳо дар рӯ ба рӯи ҳам дар болои миз гузошта шудаавд Дастҳоро ба бозувон гузошта, ангуштонро кушода, дастхоро ба боло: миз мондан (онҳоро рӯ ба рӯ гузоред ва ангуштонро зич кунед).
  3. Ҳолати аввала. Дастхо дар миён. Бозувонро ба қафо бурда б ҳолати аввала баргаштан. Китфҳоро ба боло бардошта. ба ҳолат аввала баргаштан.

Комплекси 3 (дар паси миз истода)

  1. Ҳолати аввала. Дастхо дар миён, ангуштони калон дар қисм пеш. Ба қафо хам шуда ба холати аввала баргаштан.
  2. Ҳолати аввала. Дастхо дар миён. Баданро ба рост гардонда дасти ростро ба мизи дар қафо истода расонда, ба ҳолати аввала баргаштан, ин ҳаракатро бо дасти чап такрор кардан.
  3. Ҳолати аввала. Дастҳо ба болои китф. Бо хисоби 1 бозувон ба пеш;2 баҳолатиаввалабаргаштан;3 бозувон ба дутараф;4 бахолати аввала баргаштан; 5 бозувон ба қафо; 6 ба ҳолати аввала баргаштан.

Комплекси 4 (дар паси миз истода)

  1. Ҳолати аввала. Дастҳоро ба тахтапушт рӯ ба рӯи хам гузоштан. Ба нӯги пой истода, ба ҳолати аввала баргаштан.
  2. Ҳолаги аввала. Дастҳо дар миён. Ду маротиба ба тарафи рост хам шудан. Баъд ба чап, бе ист ба ҳолати аввала.
  3. Ҳолати аввала. Дастҳо дар китфхо. Ба тарафи чап хам шуда, бозувонро ба ду тараф кушода, ба холати аввала баргаштан. Ҳамин тавр ба дигар тараф.

Комплекси давомнокиаш 2-3 дақиқа дар худ машқҳоеро гирд овардааст, ки 3-4 маротибатакрор мешаванд.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …