Главная / Маданият ва санъат / Коллеҷи технологию дорусозӣ дар Ёвон ифтитоҳ ёфт

Коллеҷи технологию дорусозӣ дар Ёвон ифтитоҳ ёфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон коллеҷи технологию дорусозӣ ва мактаби рақами 80-ро ба истифода дод, ки аз ҷониби соҳибкорон сохта шудаанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ифтитоҳи  Коллеҷи технологӣ ва дорусозии ноҳияи Ёвон, изҳор дошт, ки ин муассиса ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо харҷи 24 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ — директори корхонаи “Ғаюр-семент” Ғуломов Акбар бунёд гардидааст.

1026685124

“Муассиса дорои як бинои таълимии панҷошёнаи иборат аз 60 синфхонаи таълимии бо ашёву таҷҳизоти зарурии хониш муҷаҳҳаз мебошад ва барои 1440 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст”, — иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон мактаби миёнаи рақами 80-и ноҳияи Ёвонро ба истифода додааст, ки бо маблағи 17 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷурахонов, роҳбари корхонаи “Моҳир семент” бунёд гардидааст.

Бинои муассиса аз се ошёна иборат буда, дар он 30 синфхонаи фаннӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, хонаи муаллимон ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир шудаст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки мактаби мазкур барои 1500 ҷои нишаст пешбинӣ шуда, таълиму тадрис бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад. Масъулин ба раисиҷумҳури Тоҷикистон гузориш додаанд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва забономӯзии онҳо аз Русия омӯзгорон ҷалб гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббускории соҳибкорон ва саҳми ватандӯстонаашон дар бунёди иншооти муҳим изҳори сипос кардааст.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

qobil-hobil

Қиссаи фарзанди одам (Қобил ва Ҳобил)

Зани Одам обистар шуду Қобилу хоҳарашро зойид. Дар дафъаи дуюм низ, ки обистан шуд, Ҳобил …