Главная / Маданият ва санъат / Коллечи технологию дорусози дар Ёвон ифтитох ёфт

Коллечи технологию дорусози дар Ёвон ифтитох ёфт

Эмомали Рахмон, раисичумхури Точикистон дар нохияи Ёвон коллечи технологию дорусози ва мактаби раками 80-ро ба истифода дод, ки аз чониби сохибкорон сохта шудаанд.

Раисичумхури Точикистон зимни ифтитохи  Коллечи технологи ва дорусозии нохияи Ёвон, изхор дошт, ки ин муассиса ба истикболи чашни 30-солагии Истиклолияти давлати бо харчи 24 миллион сомони аз чониби сохибкори махалли — директори корхонаи “Гаюр-семент” Гуломов Акбар бунёд гардидааст.

1026685124

“Муассиса дорои як бинои таълимии панчошёнаи иборат аз 60 синфхонаи таълимии бо ашёву тачхизоти зарурии хониш мучаххаз мебошад ва барои 1440 нафар донишчу пешбини шудааст”, — иттилоъ дод дафтари матбуоти раисичумхури Точикистон.

Инчунин Эмомали Рахмон мактаби миёнаи раками 80-и нохияи Ёвонро ба истифода додааст, ки бо маблаги 17 миллион сомони аз чониби сохибкори махалли Бахриддин Чурахонов, рохбари корхонаи “Мохир семент” бунёд гардидааст.

Бинои муассиса аз се ошёна иборат буда, дар он 30 синфхонаи фанни, озмоишгоххои фанни, толори варзиши, мачлисгох, ошхона, хонаи муаллимон ва дигар хучрахо чойгир шудаст.

Дафтари матбуоти раисичумхури Точикистон изхор дошт, ки мактаби мазкур барои 1500 чои нишаст пешбини шуда, таълиму тадрис бо ду забон- точики ва руси сурат мегирад. Масъулин ба раисичумхури Точикистон гузориш додаанд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва забономузии онхо аз Русия омузгорон чалб гардидаанд.

Эмомали Рахмон барои ташаббускории сохибкорон ва сахми ватандустонаашон дар бунёди иншооти мухим изхори сипос кардааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …