Главная / Ҷамъият / КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 270)

pdf
Гирифтан (скачать)

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ   1

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ.. 1

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ. 1

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ. 6

БОБИ 2. ТАНЗИМ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ.. 6

Моддаи 3. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ. 6

Моддаи 4. Танзими давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ. 7

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ. 7

Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ. 8

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ. 8

Моддаи 8. Ҳамкории байниидоравӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи тандурустӣ. 9

Моддаи 9. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ. 9

БОБИ 3. НИЗОМИ ТАНДУРУСТӢ.. 9

Моддаи 10. Низоми тандурустӣ. 9

Моддаи 11. Ҳуқуқи ташкилот ва муассисаҳои давлатии тандурустӣ. 9

Моддаи 12. Уҳдадориҳои ташкилот ва муассисаҳои давлатии тандурустӣ. 10

Моддаи 13. Маҳдудияти фаъолияти ташкилот ва муассисаҳои тандурустӣ новобаста аз шакли моликият. 10

Моддаи 14. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ҳифзи саломатии аҳолӣ. 10

Моддаи 15. Масъулияти мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ. 10

БОБИ 4. МАБЛАҒГУЗОРИИ НИЗОМИ ДАВЛАТИИ ТАНДУРУСТӢ.. 10

Моддаи 16. Манбаъҳои маблағгузории низоми давлатии тандурустӣ. 10

Моддаи 17. Баҳисобгирии тарифҳои хизматрасонии тиббӣ. 11

Моддаи 18. Истифодаи захираҳои молиявии низоми давлатии тандурустӣ. 11

Моддаи 19. Суғуртаи тиббии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 11

БОБИ 5. ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ, ИҶОЗАТДИҲӢ, АККРЕДИТАТСИЯ ВА АТТЕСТАТСИЯ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ.. 11

Моддаи 20. Иҷозатномадиҳии фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ. 11

Моддаи 21. Додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ. 11

Моддаи 22. Аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ. 11

Моддаи 23. Аттестатсияи кормандони соҳаи тандурустӣ. 11

БОБИ 6. ЭКСПЕРТИЗА ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ.. 12

Моддаи 24. Экспертиза дар соҳаи тандурустӣ. 12

Моддаи 25. Экспертизаи сифати хизматрасониҳои тиббӣ. 12

Моддаи 26. Экспертизаи корношоямии муваққатӣ, тӯлонӣ ё доимӣ. 12

Моддаи 27. Экспертизаи коршоямии касбӣ ва экспертизаи алоқамандии беморӣ бо касбият. 12

Моддаи 28. Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ. 13

Моддаи 29. Экспертизаи тиббии ҳарбӣ. 13

Моддаи 30. Экспертизаи судию тиббӣ, судию рӯҳӣ ва судию наркологӣ. 13

Моддаи 31. Экспертизаи санитарию эпидемиологӣ. 13

Моддаи 32. Экспертизаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ. 14

Моддаи 33. Экспертизаи илмии тиббӣ. 14

Моддаи 34. Ташхиси озмоишӣ. 14

Моддаи 35. Ташхиси анатомии патологӣ. 14

БОБИ 7. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОН, БЕМОРОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ.. 15

Моддаи 36. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, таъмини иҷтимоӣ ҳангоми беморӣ, маъюбӣ ва гум кардани қобилияти корӣ. 15

Моддаи 37. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба беҳбудии экологӣ, бехатарии санитарию эпидемиологӣ ва радиатсионӣ. 15

Моддаи  38. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба табобати истироҳатгоҳию курортӣ ва истифода бурдани муассисаҳои солимгардонӣ  15

Моддаи  39. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани маълумот доир ба вазъи саломатӣ ва омилҳое, ки ба саломатӣ таъсир мерасонанд. 16

Моддаи 40. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани товони зараре, ки ба саломатии онҳо расонида шудааст. 16

Моддаи 41. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини доруворӣ, кумаки ортопедӣ ва протезӣ. 16

Моддаи 42. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани кумаки тиббӣ, ортопедию протезӣ дар мамлакатҳои дигар. 16

Моддаи 43. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои даст кашидан аз муоина ва табобат. 16

Моддаи 44. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва гурезагон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. 16

Моддаи 45. Ҳуқуқи модар ба ҳифзи саломатӣ. 17

Моддаи 46. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ. 17

Моддаи 47. Ҳуқуқҳои бемор. 18

Моддаи  48. Ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои фаъолияти мутахассисони тиббию фарматсевтии ташкилот ва муассисаҳои низоми тандурустӣ. 18

Моддаи 49. Уҳдадориҳои касбии кормандони тиббӣ ва фарматсевтӣ. 19

Моддаи 50. Уҳдадориҳои шаҳрвандон оид ба риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ. 19

Моддаи 51. Уҳдадориҳои шахсони никоҳшаванда оид ба гузаштани муоинаи тиббии ҳатмӣ. 19

Моддаи 52. Уҳдадории шаҳрвандон оид ба таъмини ҳифзи саломатии кӯдакон. 20

Моддаи 53. Уҳдадориҳои шаҳрвандони мубталои бемориҳои сил, ҷузом, вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, узвҳои таносулӣ ва дигар бемориҳои хатарнок. 20

Моддаи 54. Уҳдадориҳои шахсони мансабдор ва дигар шаҳрвандон барои мусоидат ба кормандони тиб дар расонидани кумаки тиббӣ ва пешгирии бемориҳо. 20

Моддаи 55. Масъулияти корфармоён ва шахсони мансабдор барои ҳифзи саломатии аҳолӣ. 20

Моддаи 56. Масъулияти кормандони тиб ва фарматсевтӣ. 20

Моддаи 57. Интиқоли коргароне, ки дар ҷои кор бемор шудаанд. 20

БОБИ 8. НАМУД ВА ШАКЛҲОИ КУМАКИ ТИББӢ.. 20

Моддаи 58. Намудҳои кумаки тиббӣ. 20

Моддаи 59. Шаклҳои расонидани кумаки тиббӣ. 21

БОБИ 9. ТАРБИЯИ КАДРҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲУҚУҚИ БА ФАЪОЛИЯТИ ТИББӢ ВА ФАРМАТСЕВТӢ МАШҒУЛ ШУДАН.. 21

Моддаи 60. Тарбияи кадрҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ. 21

Моддаи 61. Ҳуқуқи ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ машғул шудан. 22

Моддаи 62. Танзими бархӯрди манфиатҳо ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ. 22

Моддаи 63. Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон. 22

Моддаи 64. Фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ. 23

Моддаи 65. Гузаронидани озмоишҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, истифодаи усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат  23

ФАСЛИ 2. МУҚАРРАРОТИ МАХСУС.. 23

БОБИ 10. ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББӢ.. 23

Моддаи 66. Тартиби ташкил ва фаъолияти субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ. 23

Моддаи  67. Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти хусусии тиббӣ. 24

Моддаи  68. Шартнома ва пардохт барои кумак ва хизматрасонии тиббӣ. 24

Моддаи 69. Ҳуқуқи субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ. 24

Моддаи 70. Маҳдудияти субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ. 24

Моддаи 71. Уҳдадории субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ. 24

БОБИ 11. ТИББИ ОИЛАВӢ.. 25

Моддаи 72. Принсипҳои фаъолияти тибби оилавӣ. 25

Моддаи 73. Субъектҳои тибби оилавӣ. 25

Моддаи 74. Ҳуқуқҳои мутахассисони тибби оилавӣ. 26

Моддаи 75. Уҳдадориҳои мутахассисони тибби оилавӣ. 26

БОБИ 12. ТИББИ ХАЛҚӢ.. 26

Моддаи 76. Ҳуқуқи шахсоне, ки ба тибби халқӣ машғуланд. 26

Моддаи 77. Уҳдадории шахсоне, ки ба тибби халқӣ машғуланд. 27

Моддаи  78. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии табибони халқӣ. 27

Моддаи  79. Ҳуқуқи фаъолият дар соҳаи тибби халқӣ. 27

Моддаи 80. Ташкил кардан ва барҳам додани ташкилот ва муассисаи тибби халқӣ. 27

Моддаи 81. Иттилоот дар бораи фаъолият, хизматрасонӣ ва маводи дорувории тибби халқӣ. 28

Моддаи 82. Озмоиши клиникӣ, бақайдгирии давлатӣ ва талабот ба маводи дорувории тибби халқӣ. 28

БОБИ 13. СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ РЕПРОДУКТИВИИ АҲОЛӢ.. 28

Моддаи 83. Ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 28

Моддаи  84. Ҳуқуқҳои репродуктивии шаҳрвандон ва кафолати амалишавии онҳо. 28

Моддаи 85. Озодии шаҳрвандон дар муносибатҳои репродуктивӣ. 29

Моддаи 86. Ҳуқуқҳои шахсони ба ташкилотҳои ҳифзи солимии репродуктивӣ муроҷиаткунанда. 29

Моддаи 87. Ҳуқуқ барои қабули қарори мустақилона нисбат ба ҳомиладоршавӣ ва пешгирии он. 29

Моддаи  88. Ҳуқуқи наврасону ҷавонон ба ҳифзи солимии репродуктивӣ. 29

Моддаи 89. Ҳуқуқ ба табобати безуриётӣ. 30

Моддаи 90. Донорӣ ва тарзи нигоҳдории ҳуҷайраҳои ҷинсӣ. 30

Моддаи 91. Ҳомиладоркунии сунъӣ ва ё кӯчонидани ҷанин. 30

Моддаи 92. Қатъи сунъии ҳомиладорӣ. 30

БОБИ 14. ТАЪМИНИ МОДАРОНУ КӮДАКОН БО КУМАКИ ТИББИЮ САНИТАРӢ.. 31

Моддаи 93. Таъмини занони ҳомиладор ва кӯдакони навзод бо кумаки тиббию санитарӣ. 31

Моддаи 94. Назорати таълими меҳнатию истеҳсолӣ ва шароити меҳнати кӯдакон. 31

Моддаи 95. Муоинаи тиббӣ ва эмкунии ҳатмии кӯдакон. 31

БОБИ 15. ҲИМОЯИ ҒИЗОИ КӮДАКОН.. 31

Моддаи 96. Муомилоти ғизои кӯдакон ва ғизои таъйинотӣ. 31

Моддаи 97. Маҳдуд кардани фаъолияти истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи ғизои таъйинотӣ. 31

Моддаи 98. Маҳдудиятҳое, ки ба тамғакоғазҳои ғизои таъйинотӣ дахл доранд. 32

Моддаи 99. Маҳдудиятҳое, ки ба тамғакоғази шишачаҳои шир (ширдӯшӣ), маккаку пистонакҳо дахл доранд. 33

Моддаи 100. Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ дар бораи ғизодиҳии табиӣ (синамаконӣ) 33

Моддаи 101. Маводи иттилоотӣ ва маърифатӣ доир ба ғизои омехтаи кӯдакон, ғизои омехта барои кӯдакони ширмаки аз яксола калон ва дар бораи шишачаҳои шир (ширдӯшӣ) 33

Моддаи 102. Маҳдудиятҳо дар фаъолияти кормандони тиб, ки ба ҳифзи солимии модару кӯдак машғуланд. 33

БОБИ 16. ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶАМЪИЯТӢ.. 33

Моддаи 103. Мақсад ва намудҳои пешгирии бемориҳо. 34

Моддаи 104. Ташаккули тарзи ҳаёти солим.. 34

Моддаи 105. Муоинаҳои тиббӣ. 34

Моддаи 106. Эмкуниҳои пешгирикунанда, нақшавӣ ва ҳатмӣ. 34

Моддаи 107. Пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, паразитарӣ ва ғайрисироятии оммавӣ. 35

Моддаи 109. Чорабиниҳои махсуси пешгирии бемориҳое, ки барои атрофиён хатарноканд. 36

БОБИ 17. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ.. 36

Моддаи 110. Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ. 36

Моддаи 111. Бамеъёрдарории давлатии санитарию эпидемиологӣ. 36

Моддаи 112. Талаботи санитарию эпидемиологӣ. 37

Моддаи 113. Бақайдгирӣ ва таҳқиқи ҳолатҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ, бемориҳои касбӣ, осеббинӣ ва заҳролудшавӣ. 37

Моддаи 114. Мониторинги санитарию эпидемиологӣ. 37

Моддаи 115. Муҳофизати санитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. 38

Моддаи 116. Ҷорӣ намудани карантин ҳангоми пайдошавии эпидемияи бемориҳои сироятӣ. 38

Моддаи 117. Чорабиниҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ. 38

Моддаи 118. Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ. 38

Моддаи 119. Бақайдгирии давлатии навъҳои алоҳидаи мавод ва моле, ки ба инсон таъсири зараровар мерасонанд. 38

Моддаи 120. Таъмини бехатарии радиатсионӣ. 39

БОБИ 18. МАВОДИ ДОРУВОРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ФАРМАТСЕВТӢ.. 39

Моддаи 121. Муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, танзими фаъолияти фарматсевтӣ. 39

Моддаи 122. Фаъолияти ширкатҳои фарматсевтӣ ва намояндагии онҳо. 39

Моддаи 123. Таҳлили этикии маводи доруворӣ. 39

БОБИ 19. ДОНОРИИ ХУН ВА ҶУЗЪҲОИ ОН.. 39

Моддаи 124. Фаъолияти донорони хун. 40

Моддаи 125. Гурӯҳҳои донорони хун. 40

Моддаи 126. Ташкили ҳаракати донорӣ. 40

Моддаи 127. Уҳдадориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба рушди донории хун ва ҷузъҳои он. 40

Моддаи 128. Уҳдадориҳои маъмурияти корхона ва ташкилотҳо оид ба мусоидати донории хун ва ҷузъҳои он. 40

Моддаи 129. Ҳимояи ҳуқуқи донорони хун аз тарафи давлат. 40

Моддаи 130. Чорабиниҳои дастгирии иҷтимоии донорони хун. 41

Моддаи 131. Чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсоне, ки бо унвони фахрии Донори ифтихории Тоҷикистон мукофотонида шудаанд. 41

Моддаи 132. Уҳдадориҳои донорони хун. 41

Моддаи 133. Ташкилотҳои тандурустие, ки бо тайёр кардан, коркард, нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии хуни донорӣ ва ҷузъҳои он машғуланд. 41

Моддаи 134. Тартиби иваз намудани хуни донорӣ ва ҷузъҳои он, доруворӣ аз хуни донорӣ ва баровардани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. 42

БОБИ 20. ПАЙВАНДСОЗИИ УЗВ ВА (Ё) БОФТАҲОИ ИНСОН.. 42

Моддаи 135. Шароит ва тартиби пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон. 42

Моддаи 136. Номгӯи маводи пайвандсозӣ. 42

Моддаи 137. Маҳдудсозии доираи донорҳои зинда. 42

Моддаи 138. Розигии ретсипиент барои пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон. 43

Моддаи 139. Иҷозат барои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз майит. 43

Моддаи 140. Шароитҳои гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда барои пайвандсозӣ. 43

Моддаи 141. Ҳуқуқҳои донор. 43

Моддаи 142. Маҳдудиятҳо ҳангоми гирифтани узв ва (ё) бофтаҳо аз донори зинда. 43

Моддаи 143. Манъ будани фурӯши узв ва (ё) бофтаҳои инсон. 43

Моддаи 144. Манъи ошкор намудани маълумот дар бораи донор ва ретсипиент. 43

БОБИ 21. РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББӢ БА ГУРӮҲҲОИ АЛОҲИДАИ ШАҲРВАНДОН.. 44

Моддаи 145. Расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки таҳти таъсири шуоъҳои ионизатсияшуда қарор доштанд. 44

Моддаи 146. Расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дидаанд. 44

Моддаи 147. Расонидани кумаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд. 44

Моддаи 148. Расонидани кумаки тиббӣ ба шахсоне, ки озодии онҳо маҳдуд мебошад. 44

БОБИ 22. ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲОИ АЛОҲИДА ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ.. 44

Моддаи 149. Тартиби амалиёти ҷарроҳӣ, гузаронидани хун ва ҷузъҳои он ва истифодаи усулҳои мураккаби ташхис. 44

Моддаи 150. Муайянкунии лаҳзаи фавт. Манъи эвтаназия. 44

Моддаи 151. Инъоми анатомӣ. 45

БОБИ 23. ҲИФЗИ АҲОЛӢ АЗ БЕМОРИИ СИЛ.. 45

Моддаи 152. Расонидани кумаки зидди бемории сил. 45

Моддаи 153. Назорати диспансерӣ. 45

Моддаи 154. Ташхиси ҳатмӣ ва табобати маҷбурии беморони сил. 45

Моддаи 155. Мушоҳидаи давлатии оморӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил. 46

Моддаи 156. Ҳуқуқи шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта. 46

Моддаи 157. Уҳдадориҳои шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта  46

Моддаи 158. Дастгирии иҷтимоии шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти назорати диспансерӣ қарордошта. 47

Моддаи 159. Дастгирии иҷтимоии кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок мекунанд. 47

БОБИ 24. МУҚОВИМАТ БО ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ВА БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ.. 47

Моддаи 160. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. 47

Моддаи 161. Азназаргузаронии тиббӣ. 48

Моддаи 162. Назорати тиббии шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.. 49

Моддаи 163. Ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи  норасоии масуният  49

Моддаи 164. Масъулияти шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.. 49

Моддаи 165. Манъи маҳдуд намудани ҳуқуқи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам.. 49

Моддаи 166. Кумаки тиббию иҷтимоӣ ва равоншиносӣ, инчунин чорабиниҳои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ. 50

Моддаи 167. Ҳифзи иҷтимоии шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо. 50

Моддаи 168. Ҳуқуқи падару модароне, ки кӯдакони онҳо мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд. 50

Моддаи 169. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки дучори хатари касбии сирояти вируси норасоии масунияти одам мебошанд  51

Моддаи 170. Ҳуқуқ ва масъулияти кормандони тиббии мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. 51

Моддаи 171. Имтиёзҳои меҳнатии кормандоне, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният кумаки тиббӣ мерасонанд. 51

Моддаи 172. Ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва арзёбии самаранокии муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. 52

Моддаи 173. Ҳамкории байнисоҳавӣ дар муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният. 52

Моддаи 174. Ҳуқуқ ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии  масуният. 52

БОБИ 25. РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ БА ШАХСОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИҲОИ РӮҲӢ.. 53

Моддаи 175. Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ. 53

Моддаи 176. Ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ. 53

Моддаи 177. Намояндагии манфиатҳои қонунии шахсоне, ки ба онҳо кумаки тиббии рӯҳӣ расонида мешавад. 53

Моддаи 178. Табобати маҷбурии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳие, ки кирдори ба ҷамъият хавфнок содир намудаанд  54

Моддаи 179. Муоинаи тиббии рӯҳӣ барои ҳалли масъалаи муносиб будани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ. 54

Моддаи 180. Ҳамкории муассисаҳои кумаки тиббии рӯҳӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ. 54

Моддаи 181. Кумаки тиббии рӯҳӣ ва ҳифзи иҷтимоие, ки давлат кафолат медиҳад. 54

Моддаи 182. Муассиса ва шахсоне, ки кумаки тиббии рӯҳӣ мерасонанд. 55

Моддаи 183. Мустақилияти табиби бемориҳои рӯҳӣ ҳангоми расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ. 55

Моддаи 184. Кафолат ва имтиёзҳои табибони бемориҳои рӯҳӣ, табибони ихтисосҳои дигар, ҳайати тиббӣ ва дигар ҳайат, ки дар расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ ширкат меварзанд. 55

Моддаи 185. Асосҳо барои бистарӣ намудан дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ. 55

Моддаи 186. Ба таври таъҷилӣ дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ намудани шахсоне, ки қобилияти дарк намудани қабули бошууронаи қарорро аз даст додаанд. 56

Моддаи 187. Муоинаи маҷбурии шахсон дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ. 56

Моддаи 188. Тартиби баррасии ариза дар бораи табобат ва муоинаи шахсон дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ. 56

Моддаи 189. Огоҳсозӣ дар бораи бистарӣ намудани шахс дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ. 56

Моддаи 190. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони дар беморхонаи бемориҳои рӯҳӣ бистаришуда. 56

Моддаи 191. Асос барои ҷой додани шахс дар муассисаҳои рӯҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. 57

Моддаи 192. Назорати ҷамъиятӣ оид ба риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс ҳангоми расонидани кумаки тиббии рӯҳӣ. 57

БОБИ 26. РАСОНИДАНИ КУМАКИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ БА БЕМОРОНИ НАРКОЛОГӢ.. 57

Моддаи 193. Принсипҳои расонидани кумаки наркологӣ. 57

Моддаи 194. Намудҳои кумаки наркологӣ ва ҳифзи иҷтимоие, ки давлат кафолат медиҳад. 57

Моддаи 195. Ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ. 57

Моддаи 196. Маҳдуд намудани ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ. 58

Моддаи 197. Вазифаҳои муассисаҳои табобатию пешгирикунандае, ки кумаки беморхонавии наркологӣ мерасонанд. 58

Моддаи 198. Уҳдадориҳои кормандони тиббии муассисаҳои наркологӣ. 58

Моддаи 199. Асосҳо барои бистарикунонӣ дар беморхонаи наркологӣ. 59

Моддаи 200. Бақайдгирӣ ва назорати диспансерии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ. 59

Моддаи 201. Мустақилияти табибони нарколог ва бемориҳои рӯҳӣ ҳангоми расонидани кумаки наркологӣ. 59

Моддаи 202. Муоинаи тиббии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ. 59

Моддаи 203. Табобати маҷбурии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ. 59

Моддаи 204. Ҳамкориҳои муассисаҳои наркологӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. 60

Моддаи 205. Тавонбахшии шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ. 60

Моддаи 206. Тартиби муайян намудани майзадагӣ, заҳрмандӣ ё нашъамандӣ. 60

Моддаи 207. Мониторинг, баҳодиҳӣ ва таҳлили вазъи нашъамандӣ. 60

Моддаи 208. Пешгирии вобастагӣ аз воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машруботи спиртӣ. 60

БОБИ 27. ҲИМОЯИ ТИББИЮ ИҶТИМОИИ ШАҲРВАНДОНИ МУБТАЛОИ ДИАБЕТИ ҚАНД.. 60

Моддаи 209. Асосҳои сиёсати давлатӣ ва принсипҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд  60

Моддаи 210. Ҳуқуқҳои шаҳрвандони мубталои диабети қанд. 61

Моддаи 211. Низоми давлатии таъмини дастрасӣ ба маводи доруворӣ барои шаҳрвандони мубталои диабети қанд. 61

Моддаи 212. Таъмини ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд. 61

Моддаи 213. Таъмини ҳуқуқи кӯдакони мубталои диабети қанд ба ҳифзи саломатӣ. 62

Моддаи 214. Ташхиси пешакии диабети қанд. 62

Моддаи 215. Пешгирии оризаҳои вазнини диабети қанд. 62

Моддаи 216. Феҳристи давлатии шаҳрвандони мубталои диабети қанд. 62

БОБИ 28. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ.. 62

Моддаи  217. Назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ. 62

Моддаи 218. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти тиббӣ. 63

Моддаи 219. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти фарматсевтӣ, муомилоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ. 63

Моддаи  220. Назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ. 63

БОБИ 29. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ.. 67

Моддаи 221. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур. 67

Моддаи 222. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 67

Моддаи 223. Мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур. 68

Кодекси мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ ба танзим дароварда, ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ҳифзи саломатӣ равона карда шудааст.

 

 

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ – расмиёти эътирофшудаи ваколати муассисаҳои тандурустӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти муайяни тиббӣ;

– амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ – вазъи саломатии аҳолӣ ва муҳити зисти одамон, ки тавассути он таъсири зарарноки омилҳои муҳити зист ба инсон вуҷуд надорад ва шароити мусоиди фаъолияти ӯ таъмин карда мешавад;

– амалияи хусусии тиббӣ – фаъолият оид ба расонидани кумаки тиббӣ аз ҷониби шахсони дорои таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ мутобиқи ихтисосашон, дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;

– аттестатсияи кормандони соҳаи тандурустӣ – раванди муайян намудани сатҳи касбият, салоҳияти касбӣ, сатҳи дониш ва маҳорату малакаи амалии корманд;

– афканишоти иондор –  афканишоте, ки ҳангоми таҷзияи радиоактивӣ, табдилёбии ҳастаӣ, боздории зарраҳои заряддоршудаи дар модда ба вуҷудомада, ҳангоми таъсири мутақобила бо муҳит  ионҳои аломатҳои гуногундоштаро ба миён меоранд;

– банақшагирии оила – қобилияти шахсони алоҳида ва ҷуфтҳое, ки таваллуди шумораи муайяни фарзандонро бо риояи фосилаи байни таваллуд пешбинӣ менамоянд ва ноил мегарданд;

– бархӯрди манфиатҳо – ҳолате, ки дар он манфиати шахсии кормандони тиббию фарматсевтӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти кориашон бо мақсади гирифтани фоида тавассути ширкатҳои фарматсевтӣ ва ё намояндагии онҳо метавонад боиси бевиҷдонона иҷро гардидани фаъолиятҳои касбии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва бар хилофи манфиатҳои бемор гардад;

– барқарорсозии тиббию иҷтимоӣ – барқарорсозии саломатии беморон бо истифодабарии маҷмӯи чорабиниҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва меҳнатӣ, барои ҷалби беморон ба меҳнат, ҳамроҳшавӣ ба ҳаёти оилавӣ ва ҷамъиятӣ;

– бемориҳои наркологӣ  – вайроншавии солимии рӯҳӣ ва соматикӣ, ки ба истеъмоли ғайритиббии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва ба онҳо баробаркардашуда, машруботи спиртӣ вобаста буда, оқибати он ташаккул ёфтани вобастагии рӯҳӣ аз моддаҳои номбаршуда ва таназзули иҷтимоӣ мебошад;

– бемориҳои сироятӣ – бемориҳои сироятии инсон, ки пайдоиш ва паҳншавии онҳо ба таъсири омилҳои биологии муҳити зист ба инсон (барангезандаи бемориҳои сироятӣ) ва имконоти гузариши чунин бемориҳо аз инсону ҳайвони бемор ба инсони солим вобастагӣ дорад;

– бемориҳои оммавии ғайрисироятӣ – бемории инсон, ки пайдоиши он ба таъсири омилҳои ҷисмонӣ, кимиёвӣ ва ё иҷтимоии муҳити зист вобаста аст;

– бемории касбӣ – беморие, ки ба он корманд бар асари таъсири омилҳои хатарнок ё зараровари истеҳсолӣ гирифтор шудааст;

– бемориҳои паразитарӣ – ҳолати сироятёбӣ бо соддатаринҳо ё сироятёбӣ аз кирмҳо, ки дар натиҷаи он шаклҳои гуногуни ҷараёни сироятӣ инкишоф меёбанд;

– бемории сил – бемории сироятие, ки барангезандааш гурӯҳи микобактерияҳои сил буда, асосан бо қатраҳои оби даҳон ва нафас паҳн мешавад;

– бемории пайдошудаи норасоии масуният – давраи интиҳои сироятёбӣ, ки онро вируси норасоии масунияти одам боис шудааст;

– безуриётӣ – надоштани қобилияти наслофарӣ;

– бофта – силсилаи ҳуҷайраҳо ва маҳсули онҳо (моддаҳои байни ҳуҷайравӣ), ки аз ҷиҳати умумияти сохт, фаъолият ва инкишофи худ муттаҳид шудаанд (бофтаи рӯйпӯшкунанда, хун, зулола (лимфа), пайвасткунандаи аслӣ, тағояк, устухон, мушак, асаб);

– вируси норасоии масунияти одам – вирусе, ки ҳолати норасоии масуниятро дар организми одам ба вуҷуд меорад;

– воситаҳои худназораткунӣ – тести ташхисӣ ва асбобҳое, ки имконияти мустақилона муайянкунии сатҳи глюкозаро дар хун таъмин менамоянд;

– воситаҳои зидди ҳомиладорӣ – ҳама гуна воситае, ки қобилияти пешгирии ҳомиладоршавиро дорад;

– воситаҳои нашъадор – маводи сунъӣ ё табиӣ, шакли дорувории онҳо, инчунин растаниҳое, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (минбаъд – Рӯйхати миллӣ) гурӯҳбандӣ шудаанд;

– гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки метавонанд бо сарчашмаи вируси норасоии масунияти одам алоқа дошта, ҳамчунин дар инкишофи эпидемия ва чораҳои ҷавобӣ нақши асосӣ бозанд, аз ҷумла шахсони алоқаи ҷинсии ҳамҷинсона дошта, шахсони фоҳиша ва шахсоне, ки маводи нашъаоварро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд;

– гурӯҳи зери хатар – шахсоне, ки хатари бештар гирифтор шуданро ба бемории сил доранд, аз ҷумла: атрофиёни бемор, муҳоҷирони меҳнатӣ, гирифторони вируси норасоии масунияти одам, занҳои фосилаи муҳлати таваллудро риоя накунанда, кӯдакони бо ваксинаи батсиллаи Калметте -Жерен эмнашуда, маҳбусон, беморони гирифтори диабети қанд ва газаки музмини шушҳо;

– гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ – гурӯҳи аҳолие, ки барои онҳо бо сабаби таъсири шароити номусоиди оилавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва меҳнатӣ хатари сироят ёфтан аз вируси норасоии масунияти одам зиёд мегардад, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳбусон, кӯдакони бесаробон, ҷавонони бемори дорои нишонаи бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сирояткунанда, шарикони ҷинсии шахсоне, ки воситаҳои нашъадорро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд;

– гигиена – илме, ки таъсири муҳити зистро ба организми инсон бо мақсади муносиб гардонидани таъсири мусбат ва пешгирии таъсири манфӣ меомӯзад;

– ғизои кӯдакони ширмак – ғизои омехтаи кӯдакон ё ғизои дигари барои кӯдакони ширмак муносиб, ғизои омехта барои кӯдакони ширмаки синну соли нисбатан калонтар;

– ғизои иловагӣ – ғизое, ки ҳамчун ғизои иловагӣ ба шири модар, ба ғизои омехтаи кӯдакон ё ба ғизои омехтаи кӯдакони ширмаки синну соли нисбатан калонтар муносиб мебошад ё ба сифати ғизои мувофиқ пешниҳод карда мешавад;

– ғизои таъйинотӣ – ғизо барои кӯдакони ширмак, ки тавассути воситаҳои махсус, шишачаҳои ширмаконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), маккаку пистонак дода мешавад;

– ғизои омехтаи кӯдакон – ғизои ширӣ ё ширмонанди ҳайвонот ё наботот, ки мутобиқи стандартҳои давлатӣ ё байналмилалии озуқа дар саноат истеҳсол гардида, онро Комиссияи байналмилалӣ оид ба стандартҳои озуқа барои қонеъ гардонидани талаботи кӯдакон ба ғизо аз давраи таваллуд то шаш моҳи аввали ҳаёти онҳо тасдиқ кардааст;

– ғизои омехтаи кӯдакони ширмаки синну соли нисбатан калонтар – ғизои ширӣ ё маҳсулоти ширмонанди ҳайвонот ё наботот, ки мутобиқи стандартҳои давлатӣ ё байналмилалии озуқа дар саноат истеҳсол гардида, онро Комиссияи байналмилалӣ оид ба стандартҳои озуқа тасдиқ кардааст ва ҳамчун ғизои мувофиқ барои кӯдакони ширмаки аз шашмоҳа калон ва кӯдакони хурдсол пешниҳод мешавад;

– ғизодиҳии табиӣ (синамаконӣ) – ғизодиҳии табиии кӯдакони ширмак (тифлон) ва кӯдакони хурдсол;

– дезинсексия – нобуд кардани канаҳои буғумпо, ки интиқолдиҳандагони барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ мебошанд, инчунин дигар намуди ҳашароти дорои аҳамияти санитарию гигиенӣ, ки ба меҳнат ва фароғати одамон халал мерасонанд;

– дератизатсия – нобуд кардани хояндагон – интиқолдиҳандагони бемориҳои сироятӣ бо мақсади аз онҳо ҳифз намудани ҳосил, маводи озуқа ва молу мулк;

– дезинфексия – нобуд кардани барангезандагони бемориҳои сироятӣ ва паразитарӣ дар иншооти муҳити зист;

– диабети қанд – бемории музмине, ки ба он баландшавии сатҳи глюкозаи хун бар асари норасоии инсулин хос аст;

– донори хун – шахсе, ки бо хоҳиши худ аз муоинаи тиббӣ гузашта, хун ва ё ҷузъҳои онро месупорад;

– донорҳои фаъоли хун – шахсоне, ки ба муассисаи хадамоти хунгирӣ муроҷиат намуда, мунтазам (на камтар аз 3 маротиба дар як сол) хун ва ҷузъҳои онро ба таври пулакӣ ё ройгон (барои хуни супоридаашон ҷуброни пулӣ мегиранд ё ҳеҷ гуна фоидаи моддӣ намегиранд) месупоранд;

– донор – шахсе, ки ягон узв ва ё бофтаи худро барои пайвандсозӣ ба шахси дигар (ретсипиент) ихтиёран медиҳад;

– донорҳои эҳтиётии хун – шахсоне, ки ба таври муташаккилона ба донорӣ ҷалб мешаванд ва ё ба таври инфиродӣ хун ва ҷузъҳои онро номунтазам, на бештар аз 2 маротиба дар як сол месупоранд (барои хуни супоридаашон музд намегиранд);

– донорҳои қарордодии хун – шахсоне, ки бо муассисаи хадамоти хунгирӣ оид ба супоридани хун ва ҷузъҳои он шартнома (қарордод) мебанданд;

– заҳрмандӣ – беморие, ки аз заҳролудшавии музмини организм дар натиҷаи суиистеъмоли маводи доруворӣ ва моддаҳои дигари ба воситаҳои нашъадор мансубнабуда ба вуҷуд омада, хусусияти вобастагии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ аз онҳо дорад;

– ивазкунандаи шири модар – ҳама гуна ғизои кӯдаконаи ба фурӯш баровардашуда ё ба тарзи дигар пешниҳодшаванда, ки шири модарро қисман ё пурра иваз менамояд;

– инъоми анатомӣ – хайрияи ихтиёрии бофтаҳо ва узвҳои шаҳрванд тавассути додани васиятнома;

– карантин – чорабиниҳои маъмурӣ, тиббию санитарӣ, байторӣ ва дигар тадбирҳое, ки ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ нигаронида шуда, низоми махсуси хоҷагидорӣ, дигар навъи фаъолият, маҳдудсозии ҳаракати аҳолӣ, воситаҳои нақлиёт, бор, мол ва ҳайвонотро пешбинӣ менамояд;

– кӯдакони ширмак (тифлон) – кӯдакони то 12 моҳа;

– кӯдакони хурдсол – кӯдакони аз 1 то 3 сола;

– кӯдаки маъюб – шахси маъюби то 18 сола;

– кумаки тиббӣ – тадбирҳои пешгирию ташхиси бемориҳо, заҳролудшавӣ, ҷароҳат, табобат ва барқарорсозии саломатии беморон, назорати ҳомиладорӣ, кумаки момодоягӣ ва назорати давраи баъди таваллуд;

– кумаки паллиативӣ – шакли расонидани кумаки тиббӣ ба шахсони дорои бемориҳои табобатнашаванда бо мақсади сабук гардонидани вазъи саломатии онҳо;

– кумаки аввалияи тиббию санитарӣ – сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ки дар он робитаи нахустини шаҳрвандони солим ва бемор бо табибон ба вуқӯъ меояд;

– кумаки тиббии рӯҳӣ – пешгирӣ намудани бемориҳои рӯҳӣ, муоинаи солимии рӯҳии шаҳрвандон, назорати диспансерӣ, ташхиси носолимии рӯҳӣ, табобат, нигоҳубин, барқарорсозии тиббӣ ва иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои рӯҳӣ;

– кумаки зидди бемории сил – маҷмӯи чорабиниҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки барои ошкор, ташхис ва табобат кардан, аз ҷумла ташхису табобати ҳатмӣ, назорати диспансерӣ ва тавонбахшии беморони гирифтори бемории сил, ки дар беморхона ва (ё) дармонгоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, равона карда шудаанд;

– кумаки наркологӣ – маҷмӯи чорабиниҳо иборат аз пешгирӣ, назорати диспансерӣ, ташхис, табобат, нигоҳубин ва барқарорсозии тиббию иҷтимоии бемориҳои наркологӣ;

– қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ – санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки талаботи санитарию эпидемиологиро (аз ҷумла меъёрҳои бехатарӣ ё безарарии омилҳои муҳити зист барои инсон, гигиенӣ ва дигар меъёрҳоро) муайян менамоянд ва риоя накардани онҳо метавонад ба ҳаёти инсон, инчунин барои пайдо шудан ва паҳншавии беморӣ таҳдид намояд;

– қоидаҳои фитосанитарӣ – маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрии илман асоснокшуда, ки талаботро нисбат ба ҳолати замин, ҷангал ва растаниҳо, инчунин теъдоди зараррасонҳои растаниҳо, паҳншавии бемории растаниҳо ва миқдори алафҳои бегона муқаррар менамояд;

– қобилияти наслдиҳӣ (фертилӣ) – шумораи миёнаи кӯдакон, ки зан метавонад дар давоми синну соли репродуктивӣ таваллуд кунад;

– мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мекунад ва ба раванди ташхис, пешгирӣ ва табобат дар ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ назорат ва роҳбарӣ менамояд;

– маводи пайвандсозӣ – узв ё бофта, ки барои пайвандсозӣ истифода бурда мешаванд;

– марги мағзи сар – пурра ва бебозгашт қатъ гардидани ҳама вазифаҳои мағзи сар, ки дар ҳолати кор кардани дил ва таҳвияи сунъии шуш ба қайд гирифта шудааст;

– маъюб – шахсе, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва зеҳнӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад;

– маъюбӣ  – дараҷаи маҳдудияти фаъолияти ҳаётии инсон дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм;

– махфият – маҳрамияти нигоҳ доштани далели ба муассисаи тиббӣ ташриф овардан, вазъи саломатӣ ва маълумоти дар бораи шахсият гирифташуда;

– машварати табибон (консилиум) – машварати гурӯҳи табибон барои муайян намудани вазъи вазнини саломатии бемор, ташхиси беморӣ, муайян намудани усулҳои табобат ва лаҳзаи марг;

– майзадагӣ – бемории наркологӣ, ки хусусияти истеъмоли давомдори машруботи спиртӣ дошта, бо зуҳуроти вобастагии рӯҳӣ ва биологӣ аз машруботи спиртӣ, тағйирёбии таъсири он, пайдоиш ва инкишофи таназзули рӯҳӣ ва соматикии машруботи спиртӣ сурат мегирад;

– меъёрҳои гигиенӣ – тавассути тадқиқот муқаррар намудани нишондиҳандаҳои имконпазири ниҳоӣ ё ҳадди ақали теъдодӣ ва (ё) сифатие, ки омили муҳити зистро аз нигоҳи бехатарӣ ва (ё) безарарӣ ба инсон тасниф мекунад;

– моддаҳои психотропӣ – маводи сунъӣ ё табиӣ, шакли дорувории онҳо, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ  гурӯҳбандӣ шудаанд;

– муассисаи тиббӣ – шахси ҳуқуқие, ки новобаста аз шакли моликият бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешгирӣ, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ машғул мебошад;

– маводҳои дорувории тибби халқӣ – маводи аз наботот, ҳайвонот, маъданҳо ва дигар маводи барои пешгирӣ, ташхис, табобат ва солимгардонӣ истифодашаванда, ки ба фасли махсуси Феҳристи давлатии дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;

– муомилоти ғизои кӯдакон – фаъолияти мақомоти давлатӣ, инчунин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки ғизои таъйинотиро истеҳсол ва коркард менамоянд, нигоҳ медоранд, интиқол медиҳанд, мефиристанд, мефурӯшанд, тақсим мекунанд, нобуд месозанд, воридоту содирот менамоянд;

– муҳити зисти инсон – маҷмӯи иншоот, зуҳурот ва омилҳои муҳити зист (табиӣ ва сунъӣ), ки шароити фаъолияти ҳаёти инсонро муайян менамоянд;

– муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ – беморхонаҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб, марказҳои бемориҳои рӯҳӣ ва рӯҳу асаб, ҳуҷраи табиби бемориҳои рӯҳии марказҳои саломатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки дар ҳамкории зич бо шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори бемории рӯҳӣ кумаки тиббии махсусгардонидашударо мерасонанд;

– муҳофизати санитарии ҳудуд – маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии барангезандагони бемориҳои карантинӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ ба ҳудуди кишвар, ки аз ҷониби хадамоти сарҳадӣ, муассисаҳои маҳаллии тиббӣ ва хадамоти санитарию эпидемиологӣ анҷом дода мешаванд;

– муассисаи хусусии тиббӣ – муассисаи тиббие, ки молу мулки он аз моликияти хусусӣ ё  моликияте, ки дар асоси шартномаи иҷора истифода мешавад, иборат аст;

– мутахассисони тибби оилавӣ – табиби оилавӣ ва ҳамшираи шафқати тибби оилавӣ;

– муассисаҳои наркологӣ – беморхонаҳо ва марказҳои наркологӣ, шуъбаҳои тавонбахшӣ ё марказҳо барои расонидани тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ ба беморони наркологӣ, ҳуҷраҳои наркологӣ дар марказҳои саломатии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, ки дар ҳамкории зич бо хадамоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, кумаки тиббии махсусгардонидашударо ба шахсони гирифтори бемориҳои наркологӣ мерасонанд;

– носолимии (бемории) рӯҳӣ – вайрон шудани фаъолияти муътадили рӯҳии инсон, ки дар пастшавии қобилияти ақлӣ ва тағйирёбии возеҳи тафаккур ифода меёбад;

– назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ –  маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба санҷиши риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ба огоҳонидан, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи тандурустӣ равона гардидаанд;

– нашъамандӣ – беморие, ки аз заҳролудшавии музмини организм дар натиҷаи суиистеъмоли воситаҳои нашъадор, ки дар конвенсияҳои байналмилалии дахлдор ва Рӯйхати миллӣ гурӯҳбандӣ шудаанд, ба вуҷуд омада, хусусияти вобастагии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ аз онҳо дорад;

– омилҳои муҳити зист  –  омилҳои биологӣ  (заррамавҷудотҳо, соддатаринҳо, бактерияҳо, паразитҳо, замбуруғҳо, моддаҳои сафедадор ва вирусҳо), кимиёвӣ ва ҷисмонӣ (садо, ларзиш, ултрасадо, инфрасадо, афканишоти гармӣ, ионикунанда, ғайриионикунанда ва дигар афканишот), иҷтимоӣ (ғизо, таъминоти об, шароити маишӣ, меҳнат, истироҳат) ва дигар омилҳои муҳити зист, ки ба инсон ва (ё) вазъи саломатии насли оянда таъсир мерасонанд ё метавонанд таъсир расонанд;

– пайвандсозӣ – пайванд сохтани узвҳо ё бофтаҳо бо мақсади пайваст кардани онҳо дар дохили як организм (аутотрансплантатсия) ё аз як организм ба организми дигар (гомотрансплантатсия) пайванд намудан бо мақсади наҷот додани ҳаёти инсон ё барқарорсозии фаъолияти организми ӯ;

– пешгирӣ – маҷмӯи чорабиниҳои тиббӣ ва ғайритиббие, ки пешгирӣ аз  пайдошавии беморӣ, авҷгирӣ дар марҳилаи аввали беморӣ ва назорати оризаҳои бавуҷудомада, зарар дидани узвҳо ва бофтаҳоро дар бар мегиранд;

– ретсипиент – шахсе, ки бо мақсади табобат ба ӯ ягон узв ё бофтаи дигари инсон ё организм (донор) пайванд карда мешавад;

– саломатӣ – ҳолати беҳбудии пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ, набудани беморӣ ва нуқсонҳои ҷисмонӣ;

– сирояти вируси норасоии масунияти одам – бемории музмине, ки сабабгори он вируси норасоии масунияти одам аст;

– синну соли репродуктивӣ – синну соли қобили таваллуд (15 – 49  солагӣ);

– солимии репродуктивӣ – ҳолати беҳбудии комили ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоӣ вобаста ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба узвҳои репродуктивӣ ва қобилияту ҷараёни он алоқаманданд;

– субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ – муассисаҳои хусусии тиббӣ ва шахсони воқеии ба амалияи хусусии тиббӣ машғулбуда, ки фаъолияти хусусии тиббиро амалӣ мегардонанд;

– тақвими миллии эмкунӣ – санаде, ки муҳлат ва тартиби эмкунии пешгирикунандаи шаҳрвандонро аз бемориҳои сироятӣ муқаррар менамояд;

– табобати маҷбурӣ – табобате, ки дар асоси аризаи шахс, коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ё бо ташаббуси мақомоти корҳои дохилӣ тибқи муқаррароти Кодекси мазкур дар асоси хулосаи комиссияи мақомоти ваколатдори тандурустӣ, бо қарори суд дар шуъбаҳои махсусгардонидашудаи муассисаҳои тиббӣ ва бо реҷаи муқарраршудаи нигоҳ доштан ва табобати меҳнатӣ гузаронида мешавад;

– табиби оилавӣ – мутахассиси дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ё аз рӯи ихтисоси «тибби оилавӣ» бозомӯзонидашуда, ки ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом ва ё сертификат) дорад;

– табиби халқӣ – шахсе, ки шаҳодатномаи табиби халқӣ дошта, солимгардонии аҳолӣ, пешгирӣ, ташхис ва табобатро бо усул ва маводҳои дорувории тибби халқӣ амалӣ мегардонад;

– тандурустӣ – низоми тадбирҳои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ дошта, ки ба пешгирӣ ва табобати бемориҳо, нигоҳдории гигиенӣ ва санитарии ҷамъиятӣ, нигоҳдорӣ ва таҳкими солимии ҷисмонӣ ва рӯҳии инсон, инчунин нигоҳдории ҳаёти фаъоли дарозумрӣ ва расонидани кумаки тиббӣ ба ӯ дар ҳолати аз даст додани солимӣ равона карда шудааст;

– ташкилотҳои зидди бемории сил – ташкилотҳои тиббие, ки кумаки зидди бемории силро мерасонанд ва пешгирии онро анҷом медиҳанд, аз ҷумла ташкилотҳои махсуси зидди бемории сил, шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, муассисаҳои зидди бемории сили низоми корҳои ислоҳӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии миёна, олӣ ва баъдидипломии тиббии дорои сохторҳои дахлдор, муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ ва байторӣ;

– тибби оилавӣ – самти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷиҳати расонидани кумаки бисёрсоҳавии аввалиндараҷа ба аҳолӣ аз ҷониби мутахассисони тибби оилавӣ бо мақсади пешгирию табобати бемориҳо дар ҳолатҳои таъхирнопазир;

– тибби халқӣ – бахши соҳаи тандурустӣ, ки дар он усулҳои солимгардонии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, ташхис ва табобат ба дониш, малака ва таҷрибаи аз давраҳои қадим бадастомада асос ёфта, бо анъанаҳои халқӣ муқарраргардида, истифода мешаванд;

– узв – ҷузъи бадан, ки сохти муайян ва таъйиноти махсус дорад (дил, гурда, ҷигар, шуш, ғадуди зери меъда, устухонҳо, мағзпардаи сахти сар ва шоҳпардаи чашм);

– фаъолияти хусусии тиббӣ – фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба расонидани кумак ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тибқи шартнома, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– хизматрасонии тиббӣ – кумаки тиббие, ки аз рӯи намуди муайяни беморӣ ва дар ҳаҷми муайян расонида мешавад;

– хуни донорӣ – хуне, ки аз донор гирифта шуда, бо мақсади истифодабарӣ дар табобати беморон, коркарди ҷузъҳои хун, тайёр намудани доруворӣ ва истифодаи онҳо бо мақсади илмию тадқиқотӣ равона мегардад;

– хулосаи санитарию эпидемиологӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мутобиқати (номутобиқатии) омилҳои муҳити зист, фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, мол, кор, хизматрасонӣ, инчунин лоиҳаи санадҳои меъёрӣ, лоиҳаҳои сохтмони иншоот, ҳуҷҷатгузории истифодабарӣ ба қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ;

– ҳомиладоркунии сунъӣ – ҳомиладоркунии тухмҳуҷайра берун аз бадан ва кӯчонидани ҷанини тақсимшудаистода ба ковокии бачадон;

– ҳуқуқи репродуктивӣ – ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба ҳифзи солимии репродуктивӣ ва озодии қабули қарор вобаста ба таваллуди кӯдак ё даст кашидан аз он, инчунин истифодаи кумаки тиббию иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва машваратӣ дар ин соҳа;

– чорабиниҳои санитарию зиддиэпидемикӣ – чорабиниҳои ташкилӣ, маъмурӣ, муҳандисию техникӣ, тиббию санитарӣ, байторӣ ва дигар чорабиниҳое, ки барои бартараф ё кам кардани таъсири зараровари муҳити зист ба инсон, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои оммавии ғайрисироятӣ нигаронида шудаанд;

– шакли фаъоли бемории сил – шакли бемории сил, ки нишонаҳои фаъоли он дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти клиникӣ, озмоишгоҳӣ, рентгенелогӣ, генетикӣ, бактериологӣ, ситологӣ, гистологӣ, лапораскопӣ ва бронхоскопӣ муқаррар гардидааст;

– шакли гузарандаи бемории сил – шакли беморие, ки бо сабаби хориҷ намудани микробактерияҳои сил ба муҳити атроф хатар дорад;

– шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам – шахсоне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти одам шудаанд (шахсони ҳомили вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният);

– шахсони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният – шахсони  дорои зуҳуроти клиникии беморӣ, ки барои онҳо иллатнокии амиқи низоми масуният аз таъсири вируси норасоии масунияти одам хос аст;

– шароити мусоиди фаъолияти ҳаёт – ҳолати муҳити зисте, ки дар он хатари таъсири зараровари омилҳои муҳити зист ба инсон (шароити безарар) ҷой надорад ва имконияти барқарорсозии фаъолияти вайроншудаи узвҳои инсон вуҷуд дорад;

– шаҳодатномаи табиби халқӣ – ҳуҷҷат оид ба сатҳи таҳсилот, тахассус ва такмили ихтисос, ки аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, инчунин ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ дода мешавад;

– эпидемия – дараҷаи шиддатнокии ҷараёни эпидемикие, ки мубталои оммавии аҳолӣ ё гурӯҳҳои алоҳидаи онро ба бемориҳои сироятӣ инъикос намуда, аз сатҳи бемориҳои маъмулан дар ин ҳудуд қайдшаванда ба таври назаррас бештар мебошад;

– эмкунии пешгирикунанда – ба организми инсон гузаронидани дорувории иммунобиологӣ бо мақсади тобовар гардонидани он ба бемориҳои сироятӣ;

– экспертизаи сифати хизматрасониҳои тиббӣ – маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ, таҳлилӣ ва амалӣ, ки барои баровардани хулосаи мутобиқати сатҳи сифати хизматрасонии тиббии расонидашуда тибқи стандартҳои дар соҳаи тандурустӣ тасдиқшуда, амалӣ карда мешаванд;

– экспертизаи санитарию эпидемиологӣ – фаъолият оид ба муайян намудани мутобиқати (номутобиқатии) ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, иншооти фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият, маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ ба қоида ва меъёрҳои давлатии санитарию эпидемиологӣ.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2. ТАНЗИМ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

moddai-88-karori-shahrsozi

Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 88-и  Қарори шаҳрсозӣ. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонуни Ҷумҳурии …