Главная / Илм / КИСТА

КИСТА

kistaКИСТА (Cysta; юн. kystis – хубоб), иллатест дар бофта ё узв, ки сатхи дохили онро эпителия ё эндотелия пушидааст. К. хакики ва дуругин мешавад. Сатхи дохилии К.-и дуругин пушиши эпители ё эндотели надорад.
К.-хо вобаста ба пайдоиш гуногун мешаванд, мас., бандомада, модарзоди, омоси, осеби, иллати, ангали (паразити). К.-и бандомада дар натичаи ёзидани гадуд ё мачрои он бинобар ихтилоли ихрочи тарашшух ташаккул меёбад (бинобар мачрои тарашшухро бастани санг, карахш, омос ва г.). К.-и модарзоди (мас., кистахои бранхиогени, дермоиди, кистаи фолликулавии дандон) дар натичаи нуксхои гуногуни инкишоф ба вучуд меояд. К.-хои омоси дар омосхое, ки чавф доранд, ба мушохида мерасанд (мас., дар систаденомаи тухмдон). К.-хои осеби хангоми осеб ёфтани эпителий, мас., пуст ё инобия рух менамоянд. К.-хои иллати ва ангали К.-хои дуругин мебошанд. К.-хои иллати дар чои манбаи некроз, мас., сактаи магзи сар, ба вучуд меоянд. К.-хои ангали, мас., эхинококки ва систисерки, давраи кирминагии тасмакирмхо – эхинококк ё систисерк мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …