Главная / Илм / КИСЛОТАИ СИАНИД

КИСЛОТАИ СИАНИД

kislotai-sianitКИСЛОТАИ СИАНИД, сианиди гидроген, формонитрил, NCH, кислотаи якасосаи суст, моеъи беранг, буи бодоми талхро дорад. Зичиаш 688 кг/м2 (20°С), t гуд. –13,1°С, t чуш. 25,7°С. Дар об ва халкунандахои органики нагз хал мешавад. К. с.-ро с. 1782 К. В. Шееле кашф кард ва с. 1811 Ж. Гей-Люссак аввалин бор хосил ва таркиби микдории онро мукаррар намуд. К. с. дар растанихо ва махсули тачзияи пайвастхои органикии нитрогендор дар намуди озод ё пайваст (мас., дар магзи бодоми талх – 2,5 – 3,3%, шафтолу – 2 – 3%, зардолу – 1 – 1,8% ва г.) вомехурад. Дар хаво сухта H2O, CO2 ва N2 хосил мекунад; омехтаи бугхои К. с. бо хаво хангоми афрузиш метаркад. Намакхои К. с. сианидхо ва пайвастхои органикии он нитрилхо ном доранд. К. с. барои дезинфексия ва дератизатсияи вагонхо, амборхо ва г. истифода мешавад. К. с. моддаи захрнок аст. Хангоми захролудии шадид чарх задани сар, дилбехузури, кай, сустию бехолати, катъи нафаскаши ба вучуд меояд. Чабрдидаро зуд ба хавои тоза бароварда оксиген нафас кашондан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …