Главная / Илм / КАТЕХОЛАМИНҲО

КАТЕХОЛАМИНҲО

kateholaminКАТЕХОЛАМИНҲО, моддаҳои аз ҷиҳати физиологӣ фаъол, ки дар организм вазифаи миёнравҳои химиявӣ – медиаторҳо (норадреналин, дофамин) ва нейрогормонҳо (адреналин, норадреналин)-ро иҷро менамоянд. К. аз ҷумлаи унсурҳои асосии мутобиқати организм буда, дар ҳолатҳои стресс фаъолияти пурзӯри онро таъмин месозанд, организмро ба шароити муҳити дохилӣ ва берунӣ мутобиқ мегардонанд. Ихтилоли мубодила ё таносуби байни ҳосил шудану ба маҷрои хун гузаштани К. сабаби сар задани баъзе бемориҳо мешавад. Мас., тағйир ёфтани синтези дофамин дар ташкилаҳои махсуси майна муҷиби халал ёфтани ҳаракат – паркинсонизм ва гиперкинезҳо мегардад. Миқдори нисбатан зиёди К. дар моддаи мағзии ғадудҳои болои гурда ҳосил мешавад. Ниг. низ Адреналин, Дофамин, Норадреналин.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …