Главная / Илм / КАРВИЁ

КАРВИЁ

carviyoКАРВИЁ (Carum carvi), зираи румӣ, зираи сиёҳ, кибрак, шоҳзира, гиёҳест ду ё бисёрсола. То 30 – 100 см қад мекашад. Пояи дорунхолии рост, барги пармонанд, гули майдаи сафед дорад. Июн – июл гул карда, авг. тухм мебандад. Дар марғзори сернам, саҳрою алафзори беша, канори роҳу қад – қади ҷӯй, соҳили дарёҳо месабзад.
Дар қ-кӯҳҳои Зарафшон, Туркистон, Ҳисору Дарвоз, ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ, Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ (дар баландии 800 – 3500 м аз с.б.) вомехӯрад.
К. гиёҳи шифобахш аст. Абӯалии Сино тухми онро чун давои бодрон, киҷҷарон, иштиҳоовар, қайбанд, пешоброн, тапиши дил истифода кардааст. Бино ба маълумоти муаллифи «Махзану-л-адвия» К. барои муолиҷаи зиқи нафас, тапиши дил муфид аст, иштиҳоро мекушояд, қайро бозмедорад, пешобро меронад. Истеъмоли доимии он бемории меъдаро шифо мебахшад. Дар тибби халқӣ ҷӯшоби тухми К.-ро ҳангоми сустии кори меъда, исҳоли кӯдакон, камхунӣ, хунравии бачадон тавсия медиҳанд. Нақеъи баргу пояи тару тозаи онро барои муолиҷаи сулфа, бемории узвҳои нафас, рахит, заъфи кори меъдаву рӯда ва чун омили пешоброн истифода мебаранд.
Дар тибби халқии тоҷикон бо ҷӯшоби тухми К. газак ва захми меъдаву рӯдаро муолиҷа мекунанд. Тухми онро («коравдору») ҳамчун воситаи тақвиятбахши организм истифода мебаранд. Ба ақидаи табибони халқӣ истеъмоли К. ахлоти баданро нарм ва рақиқ мегардонад, дарунро мебандад, бухори зарарноки аз сар барояндаро манъ мекунад. Агар онро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро тез мегардонад. Вале агар онро аз ҳад зиёд ба чашм кашанд, чашмро хира мекунад. Истеъмоли К. оруғ меоварад, иштиҳоро мекушояд, вайрон шудани таомро дар меъда ва турш гаштани онро дар ин узв манъ менамояд; қай ва дарди рӯдаҳоро даво мебошад, пешобро меронад, дарди маъда ва рӯдаҳоро таскин медиҳад, баданро қувват мебахшад ва фарбеҳ мекунад, кирмҳои рӯда ва меъдаро мекушад. Агар 10,5 г ин зираро бо 25 г равғани зайтун ҳар рӯз то як ҳафта бихӯранд, истисқоро дармон мешавад. Дар обе, ки К. ҷӯшонда шуда бошад, занҳо то ноф даромада нишинанд, дардҳои бачадонро дафъ мекунад. Тухмашро сӯхта, ос карда гузошта банданд, бавосирро хушк карда меафтонад. Дар амалияи тибби муосир бо тухм, равған ва оби К. сустии кори рӯдаҳо ва хала дармон бахшида мешавад.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …