Главная / Илм / КАРВИЁ

КАРВИЁ

carviyoКАРВИЁ (Carum carvi), зираи руми, зираи сиёх, кибрак, шохзира, гиёхест ду ё бисёрсола. То 30 – 100 см кад мекашад. Пояи дорунхолии рост, барги пармонанд, гули майдаи сафед дорад. Июн – июл гул карда, авг. тухм мебандад. Дар маргзори сернам, сахрою алафзори беша, канори роху кад – кади чуй, сохили дарёхо месабзад.
Дар к-куххои Зарафшон, Туркистон, Хисору Дарвоз, нохияхои Точикистони Чанубию Шарки, Помири Гарби ва Шарки (дар баландии 800 – 3500 м аз с.б.) вомехурад.
К. гиёхи шифобахш аст. Абуалии Сино тухми онро чун давои бодрон, киччарон, иштихоовар, кайбанд, пешоброн, тапиши дил истифода кардааст. Бино ба маълумоти муаллифи «Махзану-л-адвия» К. барои муоличаи зики нафас, тапиши дил муфид аст, иштихоро мекушояд, кайро бозмедорад, пешобро меронад. Истеъмоли доимии он бемории меъдаро шифо мебахшад. Дар тибби халки чушоби тухми К.-ро хангоми сустии кори меъда, исхоли кудакон, камхуни, хунравии бачадон тавсия медиханд. Накеъи баргу пояи тару тозаи онро барои муоличаи сулфа, бемории узвхои нафас, рахит, заъфи кори меъдаву руда ва чун омили пешоброн истифода мебаранд.
Дар тибби халкии точикон бо чушоби тухми К. газак ва захми меъдаву рударо муолича мекунанд. Тухми онро («коравдору») хамчун воситаи таквиятбахши организм истифода мебаранд. Ба акидаи табибони халки истеъмоли К. ахлоти баданро нарм ва ракик мегардонад, дарунро мебандад, бухори зарарноки аз сар барояндаро манъ мекунад. Агар онро махин соида, чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро тез мегардонад. Вале агар онро аз хад зиёд ба чашм кашанд, чашмро хира мекунад. Истеъмоли К. оруг меоварад, иштихоро мекушояд, вайрон шудани таомро дар меъда ва турш гаштани онро дар ин узв манъ менамояд; кай ва дарди рудахоро даво мебошад, пешобро меронад, дарди маъда ва рудахоро таскин медихад, баданро кувват мебахшад ва фарбех мекунад, кирмхои руда ва меъдаро мекушад. Агар 10,5 г ин зираро бо 25 г равгани зайтун хар руз то як хафта бихуранд, истискоро дармон мешавад. Дар обе, ки К. чушонда шуда бошад, занхо то ноф даромада нишинанд, дардхои бачадонро дафъ мекунад. Тухмашро сухта, ос карда гузошта банданд, бавосирро хушк карда меафтонад. Дар амалияи тибби муосир бо тухм, равган ва оби К. сустии кори рудахо ва хала дармон бахшида мешавад.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

magniti-chashm

МАГНИТИ ЧАШМ

МАГНИТИ ЧАШМ, асбоби махсус, ки дар амалияи офталмологи барои аз гузаи чашм ва бофтахои он …