Главная / Илм / КАЧПОи

КАЧПОи

kachpoiКАЧПОи, деформатсияи мураккаби панчаи по. К. модарзоди ва гайримодарзоди мешавад. К.-и модарзоди дар писарон нисбат ба духтарон ду маротиба бештар дучор меояд. Осеб, одатан, дутарафа аст. Дарачаи деформатсия ва аломатхои он метавонанд хеле гуногун бошанд. Вакте ки кудак рохрав мешавад, деформатсия авч мегирад. К.-ро дар асоси аломатхои зохири ташхис мекунанд. Хангоми гумонбар шудан аз К. кудакро бетаъхир ба назди духтур фиристодан лозим.
Муолича чи кадаре ки бармахал огоз шавад, натичааш хамон кадар хуб аст, зеро то давраи 4-мохагии тифл деформатсияро метавон бартараф сохт. Табобатро мунтазам ва бурдборона гузарондан лозим. Хар руз то 5 дак. эхтиёткорона харакатхои ислохсозандаи деформатсия (редрессатсия)-ро такрор менамоянд (то даме ки попанча дар холати дуруст карор нагирад). Сипас попанчаро гачбанди карда, онро баъди хар 7 – 10 руз иваз менамоянд (ин корро то шакли дуруст гирифтани попанча идома додан лозим аст). Кабл аз гачбанди ба пуст мархами нафталан молида, як кабат пахта мегузоранд. Баъд аз рафъ шудани К. боз 3 – 4 мохи дигар панчаи поро баста нигох медоранд, масх мекунанд, машк медиханд.
Сабаби К.-и гайримодарзоди, ки намудхои гуногун дорад, ихтилоли асаб (фалач) ва осеби устухонхо, мушакхо, бандакхои попанча ва соки по мебошанд. Он бо чаррохи муолича карда мешавад. Баъзан пойафзори ортопеди таъин мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …