Главная / Гуногун / Иқтисодиёти Ҷумҳурии Халқии Хитой

Иқтисодиёти Ҷумҳурии Халқии Хитой

Ҷумҳурии Халқии Хитой (Чин). Дар ҳолати низоъҳои тиҷоратӣ бо ИМА қарор доштан Ҷумҳурии Халқии Хитой ин кишвар кӯшишҳои худро баҳри ҳавасмандгардонии афзоиши талаботи дохилӣ ҳамчун маҳаки омили иқтисодиёт равона намудааст.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ иқтисодиёти Ҷумҳурии Халқии Хитой 6,5 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин кишвар аз моҳи январ то июл 8,8 млн. ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, ки тақрибан 80 фоизи нишондиҳандаи солонаро ташкил медиҳад. Сатҳи бекорӣ ба 5,1 фоиз баробар гардид.

иқтисодиёти Хитой

Ҳукуматдорони Ҷумҳурии Халқии Хитой тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми қарздиҳиро ба ширкатҳои хурд зиёд намуда, сармоягузории соҳаи инфрасохторро дистгирӣ намоянд. Бояд қайд кард, ки афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ ба сохтмони асосӣ дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ суст гардида, ҳамагӣ 5,3 фоизро ташкил намуд, ки ин аз соли 1999 то ин давра нишондиҳандаи минималӣ ба ҳисоб меравад.

Хазинаи Байналмилалии Асъор ба устувории иқтисодиёти Хитой дар давраи кӯтоҳмуддат ишора намуда, аз афзоиши хатарҳои беруна қаблан хабардор кард.

Ба ақидаи баъзе аз коршиносон дар пайомади низоъҳои тиҷоратӣ бо ИМА содиркунандагони Ҷумҳурии Халқии Хитой метавонанд аз ин зарар бинанд, зеро дигар истеҳсолкунандагон бо мақсади маҳдуд намудани мавқеи онҳо аз ҳолати татбиқ гардидани боҷҳои ИМА истифода хоҳанд бурд. Аммо ин ба рушди иқтисодиёт, шуғли аҳолӣ ва даромади корпоративӣ дар Хитой таъсири манфӣ нахоҳад расонд, агар барои ҷуброн намудани талафотҳо дар бахши содирот ин кишвар талаботи дохилиро мавриди идоракунӣ қарор диҳад. Ҳукумати Хитой аллакай ба ҳавасмандкунии истеъмолоти дохилӣ ва ҷалби сармоягузорӣ тавассути сабук намудани сиёсати монетарӣ ва коҳиш додани андозҳо шурӯъ намудааст.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

kirqiziston

Иқтисодиёти Ҷумҳурии Қирғизистон

Ҷумҳурии Қирғизистон. Ҳаҷми ММД-и Қирғизистон дар моҳҳои январ-августи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли …