Главная / Илм / ЙОГҲО

ЙОГҲО

yoghoЙОГҲО (санскр. уода – алоқа, муроқиба), пайравони яке аз ҷараёнҳои фалсафаи Ҳинди Қадим, ки «поксозии рӯҳу тан», инчунин аз дурӯғ ва диг. камбудию нуқсонҳо даст кашиданро талқин менамоянд. Таълимоти Й. инкишофи қобилияти худталқинкунӣ, дар ҳолатҳои статикӣ (вазъи якхела) – асанаҳо будан, назорати комили нафасгирӣ, фурӯ нишондани эҳсосот, худмуроқиба, парҳези нимгуруснагиро дар назар дорад. Мақсади амалии Й. ноил шудан ба вазъе аст, ки дар он инсон гӯё аз таъсири омилҳои манфӣ халос мешавад. Барои Й. роҳи душвору дурударози машқҳоро тавсия мекунанд. Дар ин роҳ ба камолот шахсе ноил мешавад, ки ба он аз ҷавонӣ қадам гузошта, дар тамоми ҳаёти худ ҳамаи нишондодҳоро қатъӣ ба ҷо меоварад.
Дар Ҳиндустон машғулиятҳо ва машқҳои шифобахши ҷисмонии Й. бо роҳбарии мураббиҳо мегузаранд. Таҷрибаи дар тӯли асрҳо андӯхта ва анъанаҳо имкон медиҳанд, ки вазнинии машқҳо мувофиқи аҳволи саломатии шогирд аз рӯи мансубияти табақавӣ (касбӣ), тарзи зиндагӣ ва хӯрок танзим карда шавад. Фасли сол ва вақти шаборӯз, иқлими маҳалро низ ба ҳисоб мегиранд.
Аз нуқтаи назари тибби имрӯза ин таъинот аз ҷиҳати физиологӣ пурра асоснок ва тамоман безарар нестанд. Хусусан машғулияти худсаронаи Й. хавфнок аст. Бисёр асанаҳо бояд ба узвҳои эндокринӣ, силсилаи дилу раг ва системаи асабҳои марказӣ, инчунин ба фаъолияти меъдаю рӯдаҳо, гурда, узвҳои хунофар ва ғ. таъсири ҷиддӣ расонанд. Беназорат иҷро кардани машқҳои Й. боиси номураттаб шудани фаъолияти физиологии организм мегардад. Аз рӯи дастуру китобҳо машғули машқи Й. шудан низ ниҳоят хавфнок аст. Ин машқҳо ба ашхоси гирифтори касалии дилу раг, ғалаёни хун, атеросклероз, бемориҳои сутунмӯҳра ва ғ., инчунин дар пиронсолӣ, ки рагҳои хунгузар шахшӯл шуда, зери таъсири фишори басо пурқувват ба осонӣ осеб меёбанд, зарари ислоҳнопазир расонида метавонанд. Яке аз машқҳои машҳури Й. – сарозер истодан – боиси аз ҳам ҷудо гардидани шабакияи чашм, шикастани мӯҳраҳои гардан, хуншории мағзи сар шуданаш мумкин. «Ҳолати мори кубро», ки кас ба шикам хобида, дастони худро зери сандуқи дил рост дошта, қисми болоии танро то имконпазир қат шудани сутунмӯҳра боло мебардораду сарро ба қафо кашида иҷро мекунад, хавфнок аст. Зеро ҳангоми зӯр задан ва дар натиҷаи нафасгирии вазнин имкон дорад раги хоб баста ва одам беҳуш гардад. Дар машқи «ҳолати малахмонанд», ки кас рӯйпоин хобида, ҳатталимкон пойҳоро боло мебардораду нафасро то 10 сония нигаҳ медорад, ба батну сандуқи дил зӯр меояд ва фишори шараён баланд мешавад. Тарбияи ҷисмоние, ки ба хулосаҳои илми ҳозиразамон асос ёфтааст, ҳамаи сифатҳои барои инкишофи мавзуни инсон зарурро дорост.
комили нафасгирӣ, фур

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …