Главная / Илм / ЙОГХО

ЙОГХО

yoghoЙОГХО (санскр. уода – алока, мурокиба), пайравони яке аз чараёнхои фалсафаи Хинди Кадим, ки «поксозии руху тан», инчунин аз дуруг ва диг. камбудию нуксонхо даст кашиданро талкин менамоянд. Таълимоти Й. инкишофи кобилияти худталкинкуни, дар холатхои статики (вазъи якхела) – асанахо будан, назорати комили нафасгири, фуру нишондани эхсосот, худмурокиба, пархези нимгуруснагиро дар назар дорад. Максади амалии Й. ноил шудан ба вазъе аст, ки дар он инсон гуё аз таъсири омилхои манфи халос мешавад. Барои Й. рохи душвору дурударози машкхоро тавсия мекунанд. Дар ин рох ба камолот шахсе ноил мешавад, ки ба он аз чавони кадам гузошта, дар тамоми хаёти худ хамаи нишондодхоро катъи ба чо меоварад.
Дар Хиндустон машгулиятхо ва машкхои шифобахши чисмонии Й. бо рохбарии мураббихо мегузаранд. Тачрибаи дар тули асрхо андухта ва анъанахо имкон медиханд, ки вазнинии машкхо мувофики ахволи саломатии шогирд аз руи мансубияти табакави (касби), тарзи зиндаги ва хурок танзим карда шавад. Фасли сол ва вакти шаборуз, иклими махалро низ ба хисоб мегиранд.
Аз нуктаи назари тибби имруза ин таъинот аз чихати физиологи пурра асоснок ва тамоман безарар нестанд. Хусусан машгулияти худсаронаи Й. хавфнок аст. Бисёр асанахо бояд ба узвхои эндокрини, силсилаи дилу раг ва системаи асабхои маркази, инчунин ба фаъолияти меъдаю рудахо, гурда, узвхои хунофар ва г. таъсири чидди расонанд. Беназорат ичро кардани машкхои Й. боиси номураттаб шудани фаъолияти физиологии организм мегардад. Аз руи дастуру китобхо машгули машки Й. шудан низ нихоят хавфнок аст. Ин машкхо ба ашхоси гирифтори касалии дилу раг, галаёни хун, атеросклероз, беморихои сутунмухра ва г., инчунин дар пиронсоли, ки рагхои хунгузар шахшул шуда, зери таъсири фишори басо пуркувват ба осони осеб меёбанд, зарари ислохнопазир расонида метавонанд. Яке аз машкхои машхури Й. – сарозер истодан – боиси аз хам чудо гардидани шабакияи чашм, шикастани мухрахои гардан, хуншории магзи сар шуданаш мумкин. «Холати мори кубро», ки кас ба шикам хобида, дастони худро зери сандуки дил рост дошта, кисми болоии танро то имконпазир кат шудани сутунмухра боло мебардораду сарро ба кафо кашида ичро мекунад, хавфнок аст. Зеро хангоми зур задан ва дар натичаи нафасгирии вазнин имкон дорад раги хоб баста ва одам бехуш гардад. Дар машки «холати малахмонанд», ки кас руйпоин хобида, хатталимкон пойхоро боло мебардораду нафасро то 10 сония нигах медорад, ба батну сандуки дил зур меояд ва фишори шараён баланд мешавад. Тарбияи чисмоние, ки ба хулосахои илми хозиразамон асос ёфтааст, хамаи сифатхои барои инкишофи мавзуни инсон зарурро дорост.
комили нафасгири, фур

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …