Главная / Илм / ИНАБИЯ

ИНАБИЯ

inabiaИНАБИЯ, яке аз қисмҳои чашм. Мансуб ба рагпарда буда, дар қисми пеши он ҷой гирифтааст. Дар маркази И. сӯрохи мудаввар – гавҳарак воқеъ аст, ки тавассути он нури рӯшноӣ ба дохили ғӯзаи чашм ворид шуда, ба шабакия рафта мерасад. И. пигмент дорад. Вобаста ба миқдори пигмент ранги И. аз хокистарӣ ва кабуд то ҷигарӣ ё сиёҳ тағйир меёбад. Дар байни қарния ва И., ҳамчунин дар байни И. ва булӯрак фазои хурде мавҷуд аст, ки мутобиқан хонаҳои пеш ва қафои чашм ном дошта, аз моеъ пур мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …