ИММУНОТЕРАПИЯ (аз иммунитет ва терапия), як бахши иммунологияи амалӣ, ки вазифаи он муолиҷаи бемориҳои сироятӣ бо доруҳои иммунологӣ (ваксинаҳо, зардобҳои масунӣ, гамма-глобулинҳо ва ғ.) мебошад. Зардобҳо ва гамма-глобулинҳоро барои муолиҷаи бемориҳои шадиди гулӯзиндонак, кузоз, ботулизм, сарсом ва ғ. кор мефармоняд. И. якҷоя бо истифодаи антибиотикҳо ва химиотерапия амалӣ гардонда мешавад. И. яке аз усулҳои беҳтарини муолиҷаи аллергия аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад
Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …