Главная / Илм / ИБНИ САРОБИЮН

ИБНИ САРОБИЮН

nophotoИБНИ САРОБИЮН, Яҳё ибни Саробиюн, яке аз табибони маъруфи суриёнизабони Шом. Нимаи дуввуми а. 9 дар Димишқ зиндагӣ ва фаъолият доштааст. ӯ ба забони суриёнӣ ду «Куннош» (маҷмуаи тиббӣ) таълиф кардааст, ки яке аз 12 ва дигарӣ аз 7 китоб иборат аст. «Куннош»-и хурдро гурӯҳи мутарҷимон с. 930 ба арабӣ тарҷима кардаанд, ки минбаъд мавриди истифодаи табибону донишмандони Шарқу Ғарб қарор гирифта, то имрӯз боқӣ мондааст.
Ад.: Беруни, «Фармакогнозия в медицине» – исследование, перевод, примечания и указатели У. И. Каримова, Ташкент, 1974.

С. Шаҳобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …