Камолуддин Ҳусайн Воъизи Кошифӣ тахминан дар солҳои 20-уми асри XV дар деҳаи Байҳақи ноҳияи Сабзвори Эрон ба дунё омадааст. Ў илмҳои забону адабиёт, фалсафа, нуҷум (ситорашиносӣ), ахлоқ, риёзиёт, фиқҳ (қонуни шариат) ва воъи зиро (панду насиҳаткунанда дар масоили динӣ) аз худ намуда, доир ба ин илмҳо асарҳои алоҳида эҷод кардааст.
Кошифӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон дар асрҳои ХV- ХVI ҳамчун воъизи беҳамто ва нотакрор шўҳрат ёфта буд.
Аз ин хотир, муддате дар Нишопур ва Машҳад зиндагӣ карда, ба воъизӣ машғул будааст. Соли 1455 Кошифӣ ба Ҳирот меояд ва ба духтари олими тасаввуф – Саъидуддини Қошғарӣ хонадор мешавад. Ҳусайн Воъизи Кошифӣ баъдтар ба намояндагони мактаби адабии Ҷомӣ ва шахсан бо худи ў шинос мешавад. Ниҳоят, соли 1505 дар Ҳирот Кошифӣ аз олам мегузарад.
Аз Кошифӣ мероси бузурги илмию адабӣ боқӣ мондааст. Миқдори асарҳои ўро беш аз 40 адад медонанд, ки онҳо доир ба панду ахлоқ, ҳадис, нуҷум, риёзиёт, таърих, санъати иншонависӣ, санъати воъизӣ, адабиётшиносӣ ва ғайра таълиф ёфтаанд. Кошифӣ дар «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноъул-ашъор» дар бораи 300 навъи санъатҳои бадеӣ, аз қабили ташбеҳ, талмеҳ, истиора, таҷнис, тазод, тавсиф ва ғайра маълумоти муфассали назариявӣ дода, фикрашро бо ашъори адибони гузашта ва муосири худ тақвият додааст.
«Кашф-ул-асрор» (доир ба тасаввуф), «Махзан -ул -иншо» (доир ба санъати иншонависӣ), рисолаи «Ҳотамия» (нақлу ривоятҳо доир ба Ҳотами Той), «Анвори Суҳайлӣ»
(«Калила ва Димна») ва «Ахлоқи Мўҳсинӣ» (доир ба ахлоқ)
аз ҷумлаи асар-ҳои пурарзиши Ҳусайн Воъизи Кошифӣ ба шумор мераванд.