Главная / Гуногун / ХУСАЙН ВОЪИЗИ КОШИФИ

ХУСАЙН ВОЪИЗИ КОШИФИ

Камолуддин Хусайн Воъизи Кошифи тахминан дар солхои 20-уми асри XV дар дехаи Байхаки нохияи Сабзвори Эрон ба дунё омадааст. У илмхои забону адабиёт, фалсафа, нучум (ситорашиноси), ахлок, риёзиёт, фикх (конуни шариат) ва воъи зиро (панду насихаткунанда дар масоили дини) аз худ намуда, доир ба ин илмхо асархои алохида эчод кардааст.

husain-voizi-koshifi
Камолуддин Хусайн Воъизи Кошифи

Кошифи дар Мовароуннахру Хуросон дар асрхои ХV- ХVI хамчун воъизи бехамто ва нотакрор шухрат ёфта буд.

 Аз ин хотир, муддате дар Нишопур ва Машхад зиндаги карда, ба воъизи машгул будааст. Соли 1455 Кошифи ба Хирот меояд ва ба духтари олими тасаввуф – Саъидуддини Кошгари хонадор мешавад. Хусайн Воъизи Кошифи баъдтар ба намояндагони мактаби адабии Чоми ва шахсан бо худи у шинос мешавад. Нихоят, соли 1505 дар Хирот Кошифи аз олам мегузарад.

Аз Кошифи мероси бузурги илмию адаби боки мондааст. Микдори асархои уро беш аз 40 адад медонанд, ки онхо доир ба панду ахлок, хадис, нучум, риёзиёт, таърих, санъати иншонависи, санъати воъизи, адабиётшиноси ва гайра таълиф ёфтаанд. Кошифи дар «Бадоеъ-ул-афкор фи саноъул-ашъор» дар бораи 300 навъи санъатхои бадеи, аз кабили ташбех, талмех, истиора, тачнис, тазод, тавсиф ва гайра маълумоти муфассали назарияви дода, фикрашро бо ашъори адибони гузашта ва муосири худ таквият додааст.

«Кашф-ул-асрор» (доир ба тасаввуф), «Махзан -ул -иншо» (доир ба санъати иншонависи), рисолаи «Хотамия» (наклу ривоятхо доир ба Хотами Той), «Анвори Сухайли»

(«Калила ва Димна») ва «Ахлоки Мухсини» (доир ба ахлок)

аз чумлаи асар-хои пурарзиши Хусайн Воъизи Кошифи ба шумор мераванд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …