Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ

Ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, №12, мод. 542) 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли 2006, № 16 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, №12, моддаи 625) қабул гардидааст.

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми декабри соли 2006, № 248 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 12, моддаи 602) ҷонибдорӣ гардидааст.

Қонуни мазкур муносибатҳоеро ба танзим медарорад, ки бинобар офаридан, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд.

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мегарданд:

– топологияи микросхемаи  интегралӣ (минбаъд – топология) –  ҷойгиршавии фазоиву геометрии маҷмӯи унсурҳои микросхемаи интегралӣ ва алоқаи байни онҳо, ки дар ҳомили моддӣ қайд гардидааст;

– топологияи аслӣ – топологияест, ки дар натиҷаи фаъолияти  эҷодкоронаи муаллиф офарида шудааст ва то санаи офарида шуданаш ба муаллиф ва (ё) мутахассисони соҳаи таҳияи топологияҳо номаълум мебошад;

– микросхемаи интегралӣ – маҳсулоти микроэлектроние мебошад, ки дар шакли ниҳоӣ ё нотамом барои кори схемаи электронӣ пешбинӣ шудааст, унсурҳои он ва алоқаи байни онҳо ба таври тақсимнашаванда дар ҳаҷм ё сатҳи маводе, ки дар асоси он ин маҳсулот тайёр шудааст, ташкил ёфтаанд;

– соҳибҳуқуқ – муаллифи топология, вориси ӯ, инчунин ҳар як шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҳуқуқи истисноии истифода бурдани топологияро дар асоси қонун ё шартнома соҳиб шудааст;

– маводи ба амонат гузошташаванда  – нақшаи топологии васлкунӣ, маҷмӯаи фотоқолабҳо ё аксҳои ҳар як қабати микросхемаи интегралӣ, маводи дигаре, ки шинохташавандагии топологияи ба қайд гирифташавандаро таъмин менамоянд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи  ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ

Татбиқи вазифаҳои ба  Қонуни мазкур  пешбинишуда дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои  микросхемаҳои интегралӣ ба ӯҳдаи мақомоти ваколатдори давлатӣ (минбаъд- Идораи патентӣ) гузошта мешавад.

Салоҳияти мақомоти  ваколатдори  давлатиро дар соҳаи  ҳифзи ҳуқуқии  топологияҳои  микросхемаҳои интегралӣ Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» муайян менамояд.

Идораи патентӣ мутобиқи салоҳияти худ дар ҳолатҳои  бо  ҳамин Қонун пешбинишуда  ҳуҷҷатҳои  меъёрии ҳуқуқиро  оид ба татбиқи Қонуни мазкур  интишор менамояд.

Дар назди  Идораи патентӣ  Шӯрои шикоятӣ амал мекунад, ки он масъалаҳои бо ҳамин Қонун ба салоҳияташ вогузоршударо баррасӣ менамояд. Шӯрои шикоятӣ ваколатҳои худро дар асоси қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Шӯрои шикоятӣ, ки онро  роҳбари Идораи патентӣ тасдиқ мекунад, амалӣ менамояд.

 

боби 2.

ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ

 

Моддаи 4. Объект  ва шартҳои ҳифзи ҳуқуқӣ

Ҳифзи ҳуқуқие, ки тавассути Қонуни мазкур  дода мешавад, танҳо ба  топологияи аслӣ татбиқ мегардад.

Топология то он лаҳзае аслӣ ҳисоб мешавад, ки далели акси ин ҳолат исбот нашуда бошад.

Ба топологияи иборат аз унсурҳое, ки ба мутахассисони соҳаи таҳияи топологияҳо то санаи офаридани ин топология маълуманд, ҳифзи ҳуқуқӣ танҳо дар он сурат дода мешавад, ки ҳамаи ин унсурҳо дар маҷмӯъ талаботи аслиятро қонеъ гардонанд.

Ғояҳо, усулҳо, системаҳо, технологияҳо ва маълумоти рамзкардашудае, ки метавонанд дар топология истифода шаванд, объектҳои ҳифзи ҳуқуқии бо  Қонуни мазкур додашаванда намебошанд.

 

Моддаи 5.  Ҳифзи ҳуқуқии топология

Ҳифзи ҳуқуқии топология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси бақайдгирии он дар Идораи патентӣ бо тартиби дар Қонуни мазкур пешбинишуда таъмин карда мешавад ё дар асоси истифодабарии он ба вуҷуд меояд.

Топологияро ба номи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба қайд гирифтан мумкин аст.

Ҳуқуқ ба топология бо Қонун ҳифз ва бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешавад.

Шаҳодатнома муаллифӣ, аввалияти топологияҳо ва ҳуқуқи истисноии истифодаи онро тасдиқ менамояд.

Ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқие, ки ба топология дода мешавад, бо маҷмӯи ҷузъҳо ва алоқаҳои онҳо, ки дар маводи ба амонат гузошташаванда инъикос гардидаанд, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 6. Муаллифӣ ба топология

Ба сифати муаллифи топология шахси воқеие эътироф карда мешавад, ки дар натиҷаи фаъолияти зеҳнии эҷодкоронаи ӯ топология офарида шудааст.

Агар топология дар натиҷаи фаъолияти зеҳнии эҷодкоронаи якчанд шахсони воқеӣ офарида шуда бошад, ҳар яке аз онҳо муаллифи топология ҳисобида мешаванд.

Шахсоне, ки дар офаридани топология ҳиссаи шахсии эҷодӣ нагузоштаанд ва ба муаллиф (муаллифон) танҳо кӯмаки техникӣ, ташкилӣ ва ё моддӣ расонидаанд ё ин ки танҳо барои ба расмият даровардани ҳуқуқ ба истифодабарии топология мусоидат намудаанд, чун муаллифи топология эътироф намешаванд.

Ҳуқуқи муаллифӣ ба топологияи ҳифзшаванда ҳуқуқи шахсии мусодиранопазир буда, бемӯҳлат ҳифз карда мешавад.

 

боби 3.

ҳуқуқи  ИСТИсноии истифодабарии топология

 

Моддаи 7. Ҳуқуқи  истисноии истифодабарии топология

Ҳуқуқи истисноии истифодабарии топология ба муаллифи ин топология ё соҳибҳуқуқи дигар тааллуқ дорад.

Ҳуқуқи истисноӣ ба муаллифи топология ва соҳибҳуқуқи дигар имконият медиҳад, ки ин топологияро мувофиқи салоҳдиди худ, аз ҷумла ба воситаи истеҳсол ва паҳнкунии микросхемаи интегралие, ки чунин топологияро дар бар мегирад, истифода баранд.

Аз ҷониби шахсони дигар истифода бурдани топологияҳое, ки ҳуқуқи истисноӣ ба онҳо ба муаллиф ё соҳибҳуқуқи дигар тааллуқ дорад, танҳо бо розигии номбурдаҳо роҳ дода мешавад.

 

Моддаи 8. Вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ ба истифодабарии топология

Бе иҷозати муаллиф ё соҳибҳуқуқи дигар анҷом додани амалҳои зерин чун вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ ба истифодабарии топология дониста мешавад:

– нусхабардории пурраи топология ё ягон қисми он бо роҳи ворид намудани ин топология ба микросхемаи интегралӣ ё бо роҳи дигар, ба истиснои нусхабардории он қисми топология, ки аслӣ намебошад;

– истифодабарӣ, воридкунӣ, ба фурӯш пешниҳодкунӣ, фурӯш ва шаклҳои дигари ба муомилоти гражданӣ даровардани топология ё микросхемаи интегралие, ки ин топологияро дар бар мегирад.

 

Моддаи 9. Амалҳое, ки вайронкунии ҳуқуқи истисноии истифодабарии топология дониста намешаванд

Амалҳои зерин вайронкунии ҳуқуқи истисноии истифодабарии топология эътироф намешаванд:

– амали истифодабарии топология, ки аз ҷониби шахси сеюм бо мақсадҳои шахсӣ, бе гирифтани даромад ё танҳо бо мақсади баҳодиҳӣ, таҳлил, тадқиқот ё омӯзиш анҷом дода шудааст;

– ҳама гуна амали истифода бурдани топологияи аслие, ки аз ҷониби шахси сеюм ба таври мустақил офарида шудааст ва ба топологияи ҳифзшаванда ҳаммонанд аст;

– истифода бурдани микросхемаи интегралие, ки дар он топологияи бо шаҳодатномаи ҳифзшаванда истифода шудааст, агар ин микросхемаи интегралӣ ба муомилоти гражданӣ ба таври қонунӣ ворид гардида бошад;

– истифода бурдани микросхемаҳои интегралӣ ва маҳсулоти ин гуна микросхемаҳоро дарбаргиранда, ки ба таври қонунӣ ба даст омадаанд, агар шахси истифодабарандаи онҳо намедонист ва набояд медонист, ки ин микросхемаҳо ё маҳсулоти чунин микросхемаҳоро дарбаргиранда бо вайронкунии ҳуқуқи истисноии истифодабарии топология сохта ва паҳн карда шудаанд. Агар пас аз гирифтани огоҳиномаи дахлдори соҳибҳуқуқи топология он шахс истифодабарии микросхема ё маҳсулотро давом диҳад, вазифадор аст, ки ҷубронпулии мувофиқро барои ҳар як микросхемаи интегралӣ ва ё ҳар як маҳсулоти чунин микросхемаро дарбаргиранда пардохт намояд.

 

Моддаи 10.  Ба шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани ҳуқуқи истисноии истифодабарии топология

Ҳуқуқи истисноии истифодабарии топология аз ҷониби муаллиф ё соҳибҳуқуқи дигар метавонад пурра ва ё қисман ба шахсони дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси шартнома вогузор карда шавад. Шартномаи вогузоркунии пурраи ҳуқуқи истисноии истифодабарии топология (шартнома оид ба гузашти ҳуқуқ ба топология) ва шартнома дар бораи қисман вогузор кардани ҳуқуқи истисноии истифодабарии топология дар Идораи патентӣ ба қайд гирифта шуда, бе чунин бақайдгирӣ беэътибор дониста мешаванд.

Ҳуқуқи истисноии истифодабарии топология бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба мерос мемонад ё ба вориси дигари ҳуқуқӣ мегузарад.

 

Моддаи 11. Ҳуқуқи истисноии истифодабарии топологияе, ки чун иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё аз рӯи шартнома бо фармоишгар офарида шудааст

Ҳуқуқи истисноии истифодабарии топологияе, ки муаллиф онро чун иҷрои вазифаи хизматиаш ё бо супориши корфармо офаридааст, ба корфармо тааллуқ дорад, агар шартномаи байни ӯ ва муаллиф ҳолати дигарро пешбинӣ накарда бошад.

Тартиби пардохт ва андозаи ҷубронпулиро ба муаллиф барои офаридан, ихтироъ ва истифодабарии топология шартномаи байни муаллиф ва корфармо муқаррар менамояд.

Ҳуқуқи истисноии истифодабарии топологияе, ки онро муаллиф мувофиқи шартнома бо фармоишгаре офаридааст, ки корфармои муаллиф намебошад, ба фармоишгар тааллуқ дорад, агар шартнома ҳолати дигарро пешбинӣ накарда бошад.

 

Моддаи 12. Мӯҳлати амали ҳуқуқи  истисноии истифодабарии топология

Ҳуқуқи истисноии истифодабарии топология муддати даҳ сол амал мекунад.

Оғози мӯҳлати амали ҳуқуқи истисноии истифодабарии топология аз ду санаи зерин, вобаста ба он, ки кадоме аз онҳо пештар фаро мерасад, муайян карда мешавад:

– аз рӯи санаи истифодабарии нахустини топология, ки ба сифати он санаи аввалини дар ҳуҷҷатҳо сабтшудаи ба муомилоти гражданӣ (дар ягон ҷои дунё) ворид гардидани топология ё микросхемаи ин топологияро дарбаргиранда дониста мешавад;

– аз рӯи санаи бақайдгирии топология дар Идораи патентӣ.

Дар сурати пайдо шудани топологияи аслии ҳаммонанд, ки онро муаллифи дигар мустақилона офаридааст, мӯҳлати умумии ҳуқуқи истисноии истифодабарии топология аз даҳ сол зиёд буда наметавонад.

 

БОБИ 4.

БАҚАЙДГИРИИ ТОПОЛОГИЯ

 

Моддаи 13.  Ариза дар бораи бақайдгирии топология

Ариза дар бораи бақайдгирии топология  (минбаъд – ариза) ба Идораи патентӣ аз ҷониби муаллиф, шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки корфармои муаллиф мебошад (дар сурати мавҷудияти шартҳои дар қисми якуми моддаи 11  Қонуни мазкур зикргардида), шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки муаллиф ё корфармо ба онҳо дар асоси шартнома ҳуқуқи пешниҳод намудани аризаро додаанд, шахсе, ки аз рӯи асосҳои дигари қонунӣ намояндаи муаллиф мебошад ё ин ҳуқуқро ӯ аз рӯи мерос соҳиб шудааст (минбаъд – аризадиҳанда), пешниҳод карда мешавад.

Пешниҳоди ариза ба Идораи патентӣ, корбарӣ бо Идораи  патентӣ  метавонад аз ҷониби аризадиҳанда мустақилона ё ба воситаи намояндаи ӯ анҷом дода шаванд.

Пешниҳоди ариза бояд дар мӯҳлати на бештар аз ду соли баъд аз санаи бори аввал истифода бурдани топология, агар истифодабарӣ ҷой дошта бошад, сурат гирад.

Ариза бояд ба як топология нисбат дошта бошад ва метавонад вариантҳои онро дар бар гирад.

Ариза бояд маводи зеринро дар бар гирад:

– ариза дар бораи додани шаҳодатнома бо муайян кардани шахсе (шахсоне), ки ба номи ӯ (онҳо) шаҳодатнома дода мешавад, инчунин номи муаллиф, агар ӯ аз зикр гардиданаш ба сифати муаллиф саркашӣ накарда бошад, макони ҷойгиршавӣ (макони зист), санаи бори аввал  истифода бурдани  топология, агар он ҷой дошта бошад;

– маводи ба амонат гузошташаванда;

– реферат.

Талаботро нисбат ба тартибдиҳии ариза Идораи патентӣ муқаррар менамояд.

Ба ариза бояд ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:

-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳатмӣ ба андозаи муқарраргардида ё озод будан аз пардохти ҳатмӣ ё мавҷуд будани асосҳо барои кам кардани андозаи он;

– боваринома (агар ариза ба воситаи намоянда пешниҳод шавад).

 

Моддаи 14. Санҷиши ариза

Дар рафти гузаронидани санҷиши ариза мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва риояи талаботи асосӣ нисбат ба онҳо тафтиш карда мешавад.

Санҷишро Идораи патентӣ дар давоми ду моҳи пас аз санаи воридшавии ариза мегузаронад.

Санҷиши ариза аз назари иҷрои шартҳои дар қисми дуюми моддаи 4  Қонуни мазкур  зикргардида гузаронида намешавад.

Агар ҳуҷҷатҳое, ки ба таркиби ариза дохил мешаванд, бо вайронкунии талаботи нисбат ба онҳо муқарраргардида тартиб дода шуда бошанд, ба аризадиҳанда дархост фиристода мешавад, то дар муддати ду моҳи пас аз санаи гирифтани дархост ҳуҷҷатҳои ислоҳшуда ё нарасидаро пешниҳод намояд. Агар аризадиҳанда дар мӯҳлати зикргардида маводи талабшуда ё дархостро оид ба дароз кардани мӯҳлати муқарраргардида пешниҳод накунад, ариза бозхондашуда дониста шуда, аризадиҳанда дар ин хусус хабардор карда мешавад.

Дар сурати норозӣ будан бо қарори санҷиш аризадиҳанда ҳуқуқ дорад дар муддати се моҳи пас аз санаи гирифтани чунин қарор ба Шӯрои шикоятӣ эътирозномаи асоснокшударо пешниҳод намояд. Шӯрои шикоятӣ бояд эътирозномаро дар давоми чор моҳи пас аз санаи воридшавии он баррасӣ намояд.

Қарори Шӯрои шикоятиро аризадиҳанда метавонад дар давоми шаш моҳи пас аз гирифтани он мавриди баҳси судӣ қарор диҳад.

Агар дар натиҷаи санҷиш муқаррар карда шавад, ки ҳуҷҷатҳои ариза дуруст тартиб дода шудаанд, Идораи патентӣ дар бораи додани шаҳодатнома қарор мебарорад ва маълумотро оид ба топология ба Феҳристи давлатии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ (минбаъд – Феҳрист) ворид менамояд.

Қоидаҳои пешбурди Феҳрист ва таркиби маълумоти ба он воридшавандаро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.

 

Моддаи 15.  Додани шаҳодатномаи топология

Додани шаҳодатномаи топология аз ҷониби Идораи патентӣ пас аз ба Феҳрист ворид кардани маълумот доир ба топология, дар муддати як моҳи баъд аз гирифтани ҳуҷҷат оид ба ворид кардани пардохти ҳатмии муқарраргардида анҷом дода мешавад.

Дар сурати мавҷуд будани якчанд шахсе, ки ба унвонашон шаҳодатнома дархост шудааст, ба онҳо як шаҳодатнома дода мешавад.

 

Моддаи 16. Нашри маълумот дар бораи бақайдгирӣ

Маълумоте, ки ба бақайдгирии топология нисбат дорад ва ба Феҳрист мувофиқи моддаи 14 Қонуни мазкур ворид карда шудааст, аз ҷониби Идораи патентӣ дар давоми шаш моҳи пас аз дар Феҳрист қайд гардидани топология, дар хабарномаи расмӣ интишор карда мешавад. Тамоми тағйироти минбаъдаи маълумоти марбут ба бақайдгирии топология низ интишор карда мешавад.

Таркиби маълумоте, ки дар хабарномаи расмӣ нашр мегардад, аз ҷониби Идораи патентӣ муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 5.

ИСТИФОДАБАРИИ ТОПОЛОГИЯ ВА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚ БА ТОПОЛОГИЯ

 

Моддаи 17.  Истифодабарии  топология

Такрористеҳсолкунӣ, истифодабарӣ, ворид намудан, ба фурӯш пешниҳод кардан, фурӯхтан ва намудҳои дигари ба мубодилаи гражданӣ даровардани топология ё микросхемае, ки чунин топологияро дар бар мегирад, истифодабарии топология дониста мешавад.

Шартҳои истифодабарии топологияе, ки ҳуқуқ ба он ба якчанд шахс тааллуқ дорад, бо шартномаи байни онҳо муқаррар карда мешавад.

Бо мақсади огоҳӣ додан оид ба ҳуқуқҳои худ, муаллифи топология ё вориси ҳуқуқии ӯ метавонад дар топологияи ҳифзшаванда ва маҳсулоти чунин топологияро дарбаргиранда аломати «Т» (ҳарфи калони «Т»), санаи оғози амали ҳуқуқи истисноии истифодабарии топология ва маълумотеро, ки мушаххасгардонии соҳибҳуқуқро таъмин менамояд, ҷой диҳад.

 

Моддаи 18.  Ҳимояи ҳуқуқ ба топология

Муаллиф (соҳибҳуқуқ) ҳуқуқ дорад талаботи зеринро пешниҳод кунад:

– эътирофи ҳуқуқҳои худ;

– барқарор кардани ҳолате, ки то вайронкунии ҳуқуқ вуҷуд дошт ва қатъ намудани амалҳое, ки ҳуқуқҳои ӯро вайрон мекунанд ё хатари вайронкунии ин ҳуқуқҳоро ба вуҷуд меоранд;

– ҷуброн кардани зарари расонидашуда бо назардошти андозаи даромаде, ки вайронкунандаи ҳуқуқ ба таври ғайриқонунӣ ба даст овардааст;

– андешидани чораҳои дигари бо қонунгузорӣ пешбинишуда, ки ба ҳимояи ҳуқуқҳои ӯ алоқаманданд.

Нусхаҳои ба таври ғайриқонунӣ сохташудаи микросхемаҳои интегралӣ ва (ё) маҳсулоти чунин микросхемаҳои интегралиро дарбаргиранда, инчунин маводу таҷҳизоте, ки барои истеҳсоли онҳо истифода мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст мусодира гарданд, нест карда шаванд ё бо хоҳиши соҳибҳуқуқи топологияе, ки дар ин микросхемаҳои интегралӣ истифода шудааст, ба ӯ чун ҷуброни зарарҳояш баргардонида  шаванд.

 

БОБИ 6.

МУҚАРРАРОТИ  ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 19. Пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои корбарӣ

Барои пешниҳоди ариза, бақайдгирӣ ва додани шаҳодатномаи топология, инчунин барои дароз кардан ва барқарор намудани мӯҳлатҳои гузаронидашуда, ки бо бақайдгирии топология алоқаманданд, пардохтҳои ҳатмӣ ситонида мешаванд.

Барои гузаронидани санҷиш, барои ба маводи ариза дохил намудани тасҳеҳу ислоҳот, барои нашри маълумот оид ба бақайдгирии топология, барои дар Шӯрои шикоятӣ баррасӣ кардани аризаҳо, эътирозномаҳо, ҳамчунин барои иҷро намудани амалҳои дигари марбут ба бақайдгирии топология, аз ҷониби Идораи патентӣ пардохтҳои корбарӣ ситонида мешаванд.

Пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои корбариро аризадиҳанда, соҳибҳуқуқ ва ё бо розигии онҳо ҳар як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ супорида метавонад.

Тартиб, андоза ва мӯҳлати  пардохтҳои  ҳатмӣ ва  корбариро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 20.  Ҳифзи ҳуқуқ ба топология дар мамлакатҳои хориҷӣ

Муаллифи топология ё соҳибҳуқуқи дигар метавонад ҳифзи ҳуқуқии топологияро дар мамлакатҳои хориҷӣ дархост намояд.

 

Моддаи 21. Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ аз ҳуқуқҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси принсипи муомилаи мутақобил баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

 

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ  мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе, 22 декабри соли 2006

№ 218___________________________

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …