ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” ва бо мақсади ҳифзу нигаҳдошт ва истифодаи самараноки мероси таърихию фарҳангӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, барои солҳои 2012-2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2) Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбс, шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020-ро таъмин намоянд.
3) Вазорати фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни татбиқи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020 ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 декабри соли 2011 № 577
ш. Душанбе