Главная / Илм / ХАРИТАИ ТОПОГРАФӢ

ХАРИТАИ ТОПОГРАФӢ

  1. Харитаи топографи, тартибдиҳии он
  2. Аҳамияти харитаҳои топографи дар фаьолияти ҳаётии инсонҳо

Барой сохтани хонаҳо, роҳҳо, фабрикаҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ сараввал нақшаи маҳал сохта мешавад. Вале, барои онро дуруст истифода кардан, бояд донед, ки нақша чист, онро чй тавр омода мекунанд ва чй тавр мехонанд. Яъне, донистани ин, ки аломатҳои шартй чй маъно доранд муҳим аст. Нақша – ин тасвири дақиқи ашё аз боло мебошад.

Нақшаи маҳал акси майдони як қисми хурди сатҳи заминро дар шакли хурд инъикос мекунад.

Накшаи топографи

Бо шарофати нақша мо метавонем тамоми хусусиятҳои маҳалли мазкур, ин- чунин хусусиятҳои ҷойгиршавии ашёҳо ва объектҳо дар онро дониста гирем. Ба нақша нигоҳ карда мефаҳмем, ки хонаҳои якошёна ва дуошёна дар он якхела ҷойгир шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки шакли ҳамаи ашёҳо дар нақша чӣ гуна, ки аз боло дида мешавад ҳамон тавр дар нақша ҷойгир мешавад.

Харитаҳои топографӣ мавқеияташ миёни нақшаи маҳал ва харитаи ҷуғрофй мебошад. Дар харитаи топографӣ майдонҳои на онқадар бузурги минтақа акс меёбад ва харита ҳангоми омӯзиши маҳал истифода мешавад. Аз рӯйи он метавон самтёбй кард ва маршрута ҳаракатро қайд намуд. Дар чунин харитаҳо акси маҳалро ҷой медиҳанд, ки маълумот дар бораи ноҳамвории сатҳи замин, хок, объектҳои хоҷагй ва маданй, роҳҳо, сарҳадҳо ва дигар объектҳои маҳал ҷойгир шудааст.

Барон он, ки объектҳои гуногун дар нақшаи маҳал ва дар харитаи топографй осон фарқ карда шавад, донистани системаҳои муайяни аломатҳои шартй муҳим аст. Рангҳо нақши асосиро дар инъикоскунии аломатҳои шартй мебозанд. Гурӯҳи ашёҳои якхела ҳам дар нақшаи маҳал ва ҳам дар харитаи топографй ҳамеша бо як ранг нишон дода мешавад. Масалан: ҷангал бо ранги сабз, кул бо ранги кабуд, буттаҳо – сабзи рӯшан, кӯҳҳо – қаҳваранг. Роҳҳои автомобилиро аслан бо хате, ки сохти росткунҷа дорад, акс мекунанд.

Дар нақшаи топографии маҳал самтҳои уфуқ аз рӯйи меридиана аз шимол ба ҷануб самтгузорй шудааст, аз ин рӯ қисми болоии нақша самти шимолро ни­шон медиҳад, қисми поёниаш ҷанубро, самти чапаш ғарбро, самти росташ бошад шарқро нишон медиҳад (рас. 9).

Баландии маҳал бошад бо хатҳои уфуқй акс мешавад.

Хатҳои уфуқӣ – ин хатҳои шартй буда, ду нуқтаи сатҳи за­минро, ки дар баландии якхела ҷойгир шудаанд, пайваст ме­кунад.

Масалан: дар рас. 9 хатҳои уфуқӣ дар ҳар як метр гузаронида шудааст, нуқтаи «В» аз дарёи Оқ-су 9,6 метр болотар гузаштааст, хонаи ҷангалбон бошад 150,5 метр болотар ҷойгир шудааст.

Се тарзи сохтани нақшаи топографй вуҷуд дорад: назардид, кутбй ва маршрутй.

Аксгирии назардиди маҳал (рас. 10).

Ҳангоми аксгирии назардидй чунин асбобҳо лозим мешаванд: планшет, кутбнамо, хаткашаки нимдоира, қалам ва хатпоккунак.

xona

Барой дар коғаз кашидани акси назардидии маҳал чунин амалҳоро пай дар пай ичро кардан лозим аст:

  1. Дар ҳамворӣ варақи ватмани андозаи 24 х 36 см-ро часпонед, канораш кутбнаморо гузоред.
  2. Миқёсро муайян кардан лозим аст, масалан: 1 : 100.
  3. Қисми болоии планшей самти шимолро нишон медиҳад. Қисмҳои бараш бо ёрии кутбнамо ба ғарб ва шарқ самтгузорй карда мешавад.

Ба қалам ба сатҳи планшет ростқунҷаҳо ба андозаи 1 ё 2 см кашида меша­ванд.

  1. Макони ҷойгиршавй дар планшет бо нуқта ишора карда мешавад.
  2. Дар қисми чапи планшет хати нишондиҳандаи самти шимол-ҷануб каши- да мешавад.
  3. Баъдан бо кӯмаки хаткашаки даврашакл ба ҳамаи объектҳои дидашаванда (дарахтҳо, теппаҳо, хона ва г.) аз нуқтаи ҷойгиршавии планшет хат кашида меша­вад, ки хатҳо пайдо мешаванд.
  4. Сипае ҳамаи объектҳои дидашаванд бо назардошти масоҳат эҳтиёткорона ба планшет дохил карда мешаванд.
  5. Объектҳои ба планшет дохилкардашуда (тепла, сой, чоҳ, дарахт, санги ка- лон, ботлоқ ва ғ.) бо аломатҳои шартй ишора карда мешаванд.

Аксгирии назардид ин кашидани тахминии қисми наонқадар калони замин дар планшет мебошад.

Яке аз роҳҳои дигар сохтани нақшаи топографй аксгирии қутбй мебошад

11Аксгирии қутбӣ аз як нуқтаи иҷро карда мешавад. Ин нуқта бояд дар миёна бошад. Аз ҷойи аксгирй бояд майдони замин пурра намоён бошад.

Тарзи севуми эҷоди нақшаи топографй аксгирии маршрута мебошад. (рас. 12).

Одами аксгирии маршрута мекарда, ҳангоми таҳқиқ маршрутҳоро тай карда дар планшет объектҳоро ворид мекунад ва дар ҳар нуқта самтҳои шимол-ҷанубро месанҷад. Дар охири маршрут дар нақшаи омодашуда ислоҳот ва иловаҳо ворид мекунад.

Расми 12. Аксгирии маршрута

 

Ба ғайр аз намудҳо мазқур боз аэрофотонавор ҳам бисер машҳур аст. (рас. 13).

Сатҳи замин бо воситаҳои дастгоҳҳои аксгирии махсус тавассути тайёраҳо, чархболҳо, ва моҳвораҳо аксгирй туда ба харита ворид карда мешаванд.

13

Аэрофотонавор ва нақшаи топографй (рас. 14) аз ҳамдигар фарқ мекунанд (ҷадвали 2).

Ҷадвали 2

Фарқи нақшаи топографй ва аэрофотонавор

Хусусиятҳои аксгири Нақша Аэрофотонавор
Намуд аз боло + +
Намуд аз болои ҳамаи обьектҳо +
Аксгирии объектҳои асосӣ +
Аксгирии объектҳо бе хатогӣ +
Мавчудияти аломатҳои шартӣ +
Пешниҳоди объектҳо дар шакли ҳарф ва рақам +
Пешниҳоди намуцҳои ҷангалҳо +
Муайянкунии масофа + +
Самтёбй ба шимол +

Савол ва супоришҳо

  1. Харитаи топографии дар расми 9 бударо истифода карда, ба саволи 2 ҷавоб диҳед.
  2. Дар миёни нуқтаҳои А ваБ чй ҷойгир шудааст?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …