Главная / Илм / ГУРДАИ СУНЪӣ

ГУРДАИ СУНЪӣ

gurdai-suniГУРДАИ СУНЪӣ, дастгоҳест барои гемодиализ. Г. с.-ро бо мақсади аз хун хориҷ сохтани моддаҳои заҳрнок, ҳамчунин танзими мувозанати обу электролитҳо ва кислотаю ишқорҳо дар организм кор мефармоянд. Г. с. дар мавриди заҳролудии шадид барои аз организм дур кардани заҳр ва ҳангоми уремия муваққатан ба ҷо овардани вазифаи гурда аҳамияти калон дорад. Дар аснои ноқисии музмини гурдаҳо гемодиализ мунтазам ва дуру дароз ба амал бароварда мешавад. Истифодаи Г. с. барои беморони гирифтори гипотензияи шараёнӣ, хунравии дарунӣ, ихтилоли модарзодии лахтабандии хун ҷоиз нест.
Вазифаи асосии Г. с. диализ аст. Диализ имкон медиҳад, ки аз плазмаи хун моддаҳои массаи молекулаашолн хурд (электролитҳо, карбамид, креатинин, кислотаи пешоб ва ғ.) дур карда шаванд.
Сохти Г. с. гуногун бошад ҳам, онҳо аз рӯи нақшаи ягона кор мекунанд. Г. с. аз диализатор, дастгоҳи таҳия кардан ва ба диализатор фиристодани маҳлул, асбоби перфузия (барои тавассути диализатор ҳаракат кардани хун мусоидат мекунад) ва монитор иборат аст. Диализатор қисми асосии Г. с. мебошад. Он аз мембранаи нимнуфузпазири селюлозӣ ё синтезӣ таркиб ёфтааст.
Маҳлули диализӣ аз ионҳои натрий, калий, калтсий, магний, атсетат ё гидрокарбонат, хлор, баъзан глюкоза иборат мебошад; фишори осмосии он ба фишори осмосии плазмаи хуни одами солим наздик аст. Аз хун ба маҳлули диализӣ гузаштани заррачаҳо ба тафовути консентратсияи моддаҳо дар ду ҷониби мембрана (диффузия), ҳамчунин ба фарқияти байни фишори гидравликии хун ва маҳлули диализӣ (ултраполоиш) вобастагӣ дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …