Главная / Илм / ГУРДАИ СУНЪи

ГУРДАИ СУНЪи

gurdai-suniГУРДАИ СУНЪи, дастгохест барои гемодиализ. Г. с.-ро бо максади аз хун хорич сохтани моддахои захрнок, хамчунин танзими мувозанати обу электролитхо ва кислотаю ишкорхо дар организм кор мефармоянд. Г. с. дар мавриди захролудии шадид барои аз организм дур кардани захр ва хангоми уремия муваккатан ба чо овардани вазифаи гурда ахамияти калон дорад. Дар аснои нокисии музмини гурдахо гемодиализ мунтазам ва дуру дароз ба амал бароварда мешавад. Истифодаи Г. с. барои беморони гирифтори гипотензияи шараёни, хунравии даруни, ихтилоли модарзодии лахтабандии хун чоиз нест.
Вазифаи асосии Г. с. диализ аст. Диализ имкон медихад, ки аз плазмаи хун моддахои массаи молекулаашолн хурд (электролитхо, карбамид, креатинин, кислотаи пешоб ва г.) дур карда шаванд.
Сохти Г. с. гуногун бошад хам, онхо аз руи накшаи ягона кор мекунанд. Г. с. аз диализатор, дастгохи тахия кардан ва ба диализатор фиристодани махлул, асбоби перфузия (барои тавассути диализатор харакат кардани хун мусоидат мекунад) ва монитор иборат аст. Диализатор кисми асосии Г. с. мебошад. Он аз мембранаи нимнуфузпазири селюлози ё синтези таркиб ёфтааст.
Махлули диализи аз ионхои натрий, калий, калтсий, магний, атсетат ё гидрокарбонат, хлор, баъзан глюкоза иборат мебошад; фишори осмосии он ба фишори осмосии плазмаи хуни одами солим наздик аст. Аз хун ба махлули диализи гузаштани заррачахо ба тафовути консентратсияи моддахо дар ду чониби мембрана (диффузия), хамчунин ба фаркияти байни фишори гидравликии хун ва махлули диализи (ултраполоиш) вобастаги дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …